ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкор Раҳим Юсупов дар Истаравшан корхонаи мурғпарварӣ бунёд намуд
ДУШАНБЕ, 07.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Раҳим Юсупов корхонаи мурғпарварӣ бунёд гардид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар марҳилаи аввал дар корхона 5000 мурғ парвариш мешаванд.
Ҳамчунин дар шаҳри Истаравшан то ҷашни Наврӯз корхонаи ҶДММ «Се стандарти кӯҳкорӣ» барои истеҳсоли оҳак ба фаъолият оғоз менамояд.
Таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидаанд. Айни ҳол мутахассисон ба насбу васли ин таҷҳизот оғоз намудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 июни соли 2020 дар деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан ду хати нави технологии истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан, афшураву шарбат ва ғизои кӯдаконаро бо шаҳду шарбат ва мураббои мевагӣ дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» мавриди истифода қарор доданд.
Зимни боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати боз ҳам зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва содироти бештари маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи мамлакат дастуру супориш доданд.
То ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Истаравшан бунёди 450 иншоот дар назар дошта шудааст. Аз ин шумора 267 – тои он мавриди истифода қарор гирифтаанд.








Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад






