ҚАБИЛАИ ДУГОНИКҲО, КИ СОҲИБИ ЧЕҲРАИ ХУД ШУДАНД. Театри Хоруғ ба кӯдакон ва наврасон намоиши ҷолиберо аз рӯи пйесаи Мансур Суруш пешниҳод намуд

Январь 6, 2021 10:44

ДУШАНБЕ, 06.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Санъаткорони Театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии Хоруғ ба номи Меҳрубон Назаров ба кӯдакон ва наврасон намоиши ҷолиберо аз рӯи пйесаи Мансур Суруш «Қабилаи дугоникҳо» тақдим намуданд. Коргардон — басаҳнагузорандаи он  Умед Хусравов мебошад.

Дар намоиш сухан дар бораи қабилае меравад, ки дар он одамон бо ҷодуи Деви даҳшатнок, ки онҳоро ғулом кардааст, ҳама як чеҳраро гирифтаанд, то агар бигурезанд, шинохта ва баргардонида шаванд. Аммо як чӯпони ҷавон, ки нақши ӯро Ҷобиршо Хубоншоев бозидааст, дар кӯҳҳо чашмаи муқаддаси ҳаётбахш меёбад. Пас аз шустушӯ дар оби он ҳар шахс аз қабила чеҳраи худро пайдо мекунад. Баъд одамон муттаҳид шуда, Деви асиркунандаро шикаст доданд ва аз юғи ғуломӣ раҳо ёфтанд.

Ғояи худшиносии миллӣ, муҳаббат ба сарзамини ниёгон ва рағбати абадии одамон ба озодӣ асоси намоишро ташкил медиҳанд. Воқеан, маҳз ҳамин идея аз тамоми нутқҳо ва суханрониҳои Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун хати сурх мегузарад.

Театри Хоруғ қаблан ба эҷодиёти нависанда, драматург, рӯзноманигор ва тарҷумон, лауреати ҷоизаҳои ба номи С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ, шореҳи адабии АМИТ «Ховар» Мансур Суруш муроҷиат карда буд. Пештар дар ин театр тамошобинон намоишеро бо номи «Вирод» дида буданд, ки маънояш дар тарҷума аз забони шуғнонӣ «Бародар» аст.

Январь 6, 2021 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд