Аккоси тоҷик, собиқ суратгири АМИТ «Ховар» Дидор Саъдуллоев дар озмуни ЮНЕСКО ғолиб омад
ДУШАНБЕ, 06.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Суратгири моҳири тоҷик, собиқ аксбардори АМИТ «Ховар» Дидор Саъдуллоев дар озмуни «Тақвими соли 2021-и ЮНЕСКО» («Календарь ЮНЕСКО 2021») иштирок намуда, ғолиб омад. Инак се акси Дидорро дар рӯйи «Тақвими соли 2021-и ЮНЕСКО» мегузоранд.
Номбурда дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки «18 ноябри соли 2020 намояндагии ЮНЕСКО дар Алмато озмуни беҳтарин аксҳои мероси фарҳангӣ ва табиии Осиёи Марказиро таҳти унвони «Тақвими соли 2021-и ЮНЕСКО» эълон карда буд. “Ман низ дар он иштирок намуда, аксҳои манзараҳои зебои Тоҷикистонро пешниҳод намудам”.
Ба гуфтаи Дидор, имрӯз аз натиҷаи озмун ба ӯ хабар дода шуд. “Дар хабарнома гуфта шудааст, ки аксҳои фиристодаи ман қабул гардидаанд ва рӯйи «Тақвими соли 2021-и ЮНЕСКО» гузошта мешаванд”,-афзуд Д. Саъдуллоев.
Ғолибони озмун бо шаҳодатномаи ЮНЕСКО ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Хотиррасон мешавем, ки Дидор Саъдуллоев соли 1981 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Мактаби миёна ва факултаи физика ва математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 2014—2015 дар факултаи аккосии Донишгоҳи давлатии тарроҳӣ ва текноложии Маскав таҳсил карда ва ихтисоси аккос/хабарнигорро соҳиб шудааст. Дар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва бархе нашрияҳои маҳаллӣ дар Россия ба сифати аккос кор кардааст. Аз соли 2014 то ҳоло дар Бошқирдистон ва шаҳрҳои Маскав, Алмаато ва Душанбе чанд намоиши аксҳояш баргузор шудааст. Ахиран дар Қазоқистон барандаи ҷоизаи озмуни минтақаии Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM) дар мавзӯи муҳоҷират шудааст.
Аз 29 декабри соли 2017 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.











««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд






