Ҳамлу нақли мусофирон тавассути ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар соли 2020 то 60% коҳиш ёфт
ДУШАНБЕ, 19.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 дар пасманзари пандемияи коронавирус ҳамлу нақли мусофирон тавассути нақлиёти ҳавоӣ то 60% коҳиш ёфт. Дар ин бора коршиносони Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) изҳор доштанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти ахбори СММ.
Соли 2020 1,8 миллиард одамон парвоз кардаанд, ҳол он ки соли 2019 теъдоди онҳо 4,5 миллиардро ташкил дода буд. Тибқи маълумоти коршиносони ИКАО, шумораи мусофирони ҳавоӣ дар дохили кишварҳо соли 2020 50% кам шудааст ва ин дар ҳолест, ки ҳамлу нақли мусофирони байналмилалӣ — 74% коҳиш ёфтааст.
Коршиносон зикр мекунанд, ки коҳиши талабот ба парвози ҳавоӣ ҳанӯз моҳи январи соли 2020 оғоз шуда буд, аммо ин танҳо дар чанд кишвар мушоҳида мешуд. Тадриҷан рӯйхати давлатҳое, ки барои вуруд маҳдудият ҷорӣ мекарданд васеъ шуд ва моҳи март ҳаракати мусофирони ҳавоӣ тақрибан қатъ гардид. То моҳи апрел шумораи умумии мусофирони ҳавоӣ дар муқоиса бо сатҳи 2019 то 92% коҳиш ёфт.
ИКАО инчунин дар бораи талафоти ҳангуфти молиявии ширкатҳои ҳавопаймоӣ гузориш додааст: соли 2020 ширкатҳои ҳавопаймоӣ 370 миллиард доллар фоидаро аз даст доданд. Фурудгоҳҳои байналмилалӣ тақрибан ба маблағи 115 миллиард доллар ва хадамоти аэронавигатсия — 13 миллиард доллар зарар диданд.
Мутобиқи тахмини коршиносон, агарчи рӯйдодҳо муваффақона рушд кунанд ҳам, то моҳи июни соли 2021 интиқоли мусофирон ҳанӯз ҳам аз сатҳи соли 2019 қариб 30% ва дар ҳолати рушди ғайри муваффақонаи вазъият — 51% камтар хоҳад буд.
Қаблан Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш аз кишварҳо даъват карда буд, ки барои дастгирии ҳавопаймоии шаҳрвандӣ дар шароити пандемия тадбирҳои фаврӣ андешанд ва дар айни ҳол масъалаҳои тағйирёбии иқлимро низ фаромӯш накунанд.
АКС аз бойгонӣ








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






