Андозсупорандагони беҳтарини соли 2020 муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз рӯи натиҷаи фаъолият дар соли 2020 Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Шивер Тоҷикистон» (шаҳри Душанбе), Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти суғуртавии «Суғуртаи аввалини миллӣ» (шаҳри Душанбе), Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КМ Муосир» (ноҳияи Данғара) андозсупорандагони беҳтарини соли 2020 ҳисобида шуданд.
Ин матлаб 20 январ дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласа оид ба эълон намудани «Андозсупорандаи беҳтарини соли 2020», роҳандозӣ намудани Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар мақомоти андоз ва ҳамкорӣ дар ин самт бо вазорату идораҳо баён гардид.
Тавре аз Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Финка» (шаҳри Душанбе), Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» (шаҳри Душанбе), Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кока-кола нӯшокиҳои Тоҷикистон» (шаҳри Душанбе), Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Восток» (шаҳри Душанбе), Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нури тиб» (ноҳияи Рӯдакӣ) бо Ифтихорномаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.
Дар ҷаласа бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, намояндагони вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, Хадамоти гумрук, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» масъалаҳои роҳандозӣ намудани Консепсияи иқтисоди рақамӣ, аз ҷумла рақамикунонии фаъолияти мақомоти андоз ва ҳамкорӣ дар ин самт бо вазорату идораҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зикр шуд, ки имрӯзҳо Кумитаи андоз бо мақсади сарфа намудани вақти андозсупорандагон ва содаву осон намудани иҷрои уҳдадориҳои андоз 56 номгӯй хизматрасониҳои электронӣ ба роҳ мондааст. Ҳамзамон бо мақсади татбиқи Консепсияи иқтисоди рақамӣ аз ҷониби Кумитаи андоз бо якчанд вазорату идораҳо, кумитаҳо ва мақомоти давлатӣ табодули маълумот тариқи электронӣ ба роҳ монда шудааст. Тартиби мазкур имкон медиҳад, ки тавассути модули рақамӣ маълумот байни мақомоти давлатӣ ба таври фаврӣ дар шакли муайян қабул ва коркард шавад.
Иштирокчиёни ҷаласа изҳор намуданд, ки ҷиҳати татбиқи амалии Консепсияи иқтисоди рақамӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои ҳукумати электронӣ ба ҳамкорӣ дар ин самт тақвият мебахшанд.
Ёдовар мешавем, ки Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нишондиҳандаҳо оид ба риояи қонунгузории андоз, аз ҷумла мунтазам дуруст тартиб дода, дар муҳлатҳои муқарраршуда пешниҳод намудани эъломияҳои андоз, сари вақт ва пурра таъмин намудани пардохти маблағи андоз, ҳиссаи андозҳои ҳисоб ва пардохташуда дар ҳаҷми даромади умумии андозсупоранда, шумора ва таносуби зиёдшавии кормандони кироя ва фонди музди меҳнат дар соҳаи фаъолият, нисбат ба соли қаблӣ зиёд намудани ҳаҷми маблағи андозҳои ҳисоб ва пардохтшуда, роҳ надодан ба қонунвайронкунии андоз ва дар маҷмӯъ, нишон додани фарҳанги нисбатан баланди андозсупорӣ ҳамасола андозсупорандаи беҳтаринро интихоб менамояд.










Дар водиҳои Тоҷикистон кишти баҳории картошка аз нимаи дуюми моҳи феврал оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд
Бо мақсади рушди устувори соҳаи захираҳои об Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Масоили маблағгузории идомаи сохтмони НБО –и «Роғун» баррасӣ гардид
Блогерони тоҷик ба маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ андоз супориданд






