Арзиши биткоин бори аввал дар таърих аз 35 ҳазор доллар гузашт
ДУШАНБЕ, 6.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Арзиши криптоасъори биткоин бори аввал дар таърихи худ аз 35 ҳазор доллар гузашт. Тавре АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, ин нишондиҳанда аз маълумоти портали CoinDesk, ки рӯзи чоршанбеи 6 январ нашр шуд, бармеояд.
То соати 10:00 ба вақти Душанбе, арзиши криптоасъор 12,58% афзуда, ба 35 368,46 доллар расид.
Тавре портал зикр мекунад, танҳо дар моҳи январ биткоин беш аз 20% афзуд, сарфи назар аз он ки соли 2020 афзоиши он аз 300% гузашт.
3 январ коршиносони Hash CIB пешгӯӣ карданд, ки то охири соли 2021 арзиши криптоасъор метавонад то 100 ҳазор доллар боло равад. Дар ҳамин ҳол, дар Ассотсиатсияи криптоиқтисоди Россия изҳор доштанд, ки нархи 1 биткоин дар семоҳаи сеюми соли 2021 ба 65-75 ҳазор доллар мерасад. Аммо, пас аз болоравии рекордии арзиши он дар охири сол арзиши он якбора то 10-15 ҳазор доллар коҳиш меёбад.
АКС аз REUTERS/Dado Ruvic








Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид






