Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот беш аз 30 коркард ва тавсияҳои олимони АМИТ пешниҳод гардиданд

Январь 8, 2021 14:06

ДУШАНБЕ, 08.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои банди 29 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли 2020 баён доштанд, бо қарори Раёсати Академия аз 1 июни соли 2020 дар назди АМИТ Шӯрои байниидоравӣ оид ба таҳияи системаи чорабиниҳои илмӣ барои аз байн бурдани бемории коронавируси СOVID-19 таъсис дод, ки ба ҳайати он олимони соҳаи тиб, табибони вирусолог, бемориҳои сироятӣ, ҳамчунин кимиёдонҳо, биологҳо, дорушиносон, дорусозон ва технологҳо шомиланд. Ҷаласаҳои Шӯро ҳар ҳафта рӯзи душанбе доир гардида, дар он пешниҳод ва тавсияҳои илмию методӣ оид ба бемории коронавируси СOVID-19 ва роҳҳои пешгирии он қабул ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда мешаванд. Дар ин робита  олимони АМИТ  дастгоҳи худсози нафасдиҳии сунъӣ ихтироъ намуданд. Ин дастгоҳ дар асоси тарҳи электронии таҳиянамудаи олимони соҳаи физика сохта шуда, дар беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилӣ аз озмоиш гузаштааст. Ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии ин дастгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастгоҳи тиббии воридотивазкунанда имконпазир аст.

Ин матлабро президенти Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ имрӯз зимни маҷлиси умумии солонаи ин ниҳод иброз намуд.

Тибқи рӯзномаи маҷлиси умумии солонаи Академияи илмҳо оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии АМИТ дар соли 2020 ва вазифаҳо дар соли 2021 президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ маърӯза намуда, зикр кард, ки дар соли 2020 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, новобаста аз мушкилиҳои баамаломада вазифаҳои ба уҳдадоштаашро иҷро намуд.

“Соли 2020 Академияи илмҳо унвони миллӣ гирифт ва ин рӯйдод дар таърихи он фаромӯшнашаванда мебошад. Аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии АМИТ 2730 кори илмӣ, аз ҷумла 236 китобу монография, маҷмӯаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, 2494 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ, аз онҳо 1981 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 211 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва 117 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба нашр расиданд”-, гуфт зимни маърӯза Ф.Раҳимӣ.

Зикр гардид, ки соли 2020 аз тарафи олимони АМИТ 23 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ва 5 шаҳодатнома оид ба сабти давлатии захираи иттилоотӣ ба даст оварда шуд. Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот беш аз 30 коркард ва таклифу тавсияҳои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Фарҳод Раҳимӣ зикр кард, ки олимони Академияи миллии илмҳо дар натиҷаи омӯзиши хосиятҳои шифобахшии растании камол собит намуданд, ки шира ва решаи ин растаниро чун маводи фаъоли биологӣ барои қавӣ гардонидани масунияти бадан истифода бурдан мумкин аст. Айни замон олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ ба Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология» якчанд иловаҳои фаъоли биологӣ, аз қабили «Камолид», «Камолин», «Мукофер» «Седармон», малҳамҳои «Проктоферуол», «Херболит» ва «Ҳербитол» таҳия намудаанд, ки ба роҳ мондани истеҳсоли онҳо дар саноати дорусозии ватанӣ метавонад ҳамчун маводи воридотивазкунанда ҷои баъзе иловаҳои фаъоли биологиро, ки аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, иваз намояд. Ҳамчунин аз растании явшон (ҷорӯбак) маводи фаъоли биологие дар шакли маҳлул ва қиём тайёр карда шудааст, ки хусусияти зиддибактериявӣ ва зиддивирусӣ дорад. Дар семинари машваратӣ аз олимон, мутахассисони ва ширкатҳои дорусозӣ даъват ба амал оварда шуд, ки неруи худро барои рушди саноати дорусозии ватанӣ равона намуда, ҳамкории муштараки судманд ба роҳ монанд.

Сипас аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ нақшаи кории АМИТ барои соли 2021 пешниҳод гардид, ки академикҳои АМИТ  онро истиқбол намуданд.

Дар интиҳои маҷлиси умумӣ ба олимони ҷавон, кормандони АМИТ ва олимоне, ки давоми соли 2020 дар рушди илм саҳми назаррас доштанд, дипломҳо, ҷоизаҳо ва ифтихорномаҳои вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм ва АМИТ супорида шуданд.

Январь 8, 2021 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид