Бонки ҷаҳонӣ: дар соли 2021 суръати афзоиши иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ 3% ва дар Тоҷикистон 3,5%-ро ташкил хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 07.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши нави худ «Дурнамои иқтисоди ҷаҳонӣ: Аврупо ва Осиёи Марказӣ» афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ро дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон барои солҳои оянда пешгӯӣ карданд.
Тибқи пешгӯиҳо, афзоиши иқтисодии минтақа дар соли 2021 муътадил хоҳад буд. «Интизор меравад, ки имсол суръати афзоиши иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ то 3% барқарор мешавад, ки ба он афзоиши муътадили нархҳои молӣ ва сармоягузории мустақими хориҷӣ ба ҳадди фаъолгардии иштироки минтақа дар татбиқи ташаббуси пешниҳоднамудаи Чин «Як камарбанд – як роҳ» мусоидат менамоянд», — гуфта мешавад дар гузориш.
Бино ба дурнамои Бонки ҷаҳонӣ, афзоиши ММД-и Тоҷикистон дар соли 2021 3,5 ва дар соли 2022 — 5,5%-ро ташкил хоҳад дод. Ин нишондиҳандаҳо дар Қазоқистон мутаносибан ба 2,5% ва 3,5%, дар Қирғизистон — 3,8% ва 4,5%, дар Ӯзбекистон — 4,3% ва 4,5% баробаранд.
Ҳамзамон таҳлилгарон зикр менамоянд, ки дурнамои афзоиши иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ, алалхусус бо назардошти паҳн шудани штамми нави коронавирус ва зиёд гардидани беморӣ бисёр номуайян аст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Бонки рушди Авруосиё (БРА) низ дар бораи суръати афзоиши иқтисодии Тоҷикистон пешгӯӣ карда буд. Ба гуфтаи коршиносони БРА, Тоҷикистон бо натиҷаи мусоид метавонад суръати динамикаи ММД-ро тадриҷан барқарор кунад ва то соли 2022 ба афзоиши қаблӣ баргардад.
Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ инчунин омадааст, ки дар тӯли 15 моҳ — то охири моҳи июни соли 2021 — Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ба зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон барои ҳимояи камбизоатон ва қишри осебпазир, дастгирии соҳибкорон ва суръат бахшидан ба барқарорсозии иқтисодиёт то 160 миллиард доллари ИМА кумаки молиявӣ мерасонад. Ин маблағ аз ҳисоби манбаъҳои нави Ассотсиатсияи байналмилалии рушд дар ҳаҷми 50 миллиард доллари ИМА дар шакли грантҳо ва қарзҳои имтиёзнок ва 12 миллиард доллари ИМА, ки ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ барои маблағгузорӣ ҷиҳати харид ва тақсими ваксинаҳои зидди COVID-19 ҷудо карда мешавад, иборат аст.
АКС аз бойгонӣ








Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад






