Дар Боғи фарҳангию фароғатии Турсунзода корҳои хуррамгардонӣ шурӯъ гардиданд
ДУШАНБЕ, 13.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Турсунзода дар радифи таҷдиду навсозӣ, инчунин корҳои сабзазоркунӣ шурӯъ гардиданд, ки дар он раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ва роҳбарони ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» иштирок намуданд.
Тавре Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ итилоъ медиҳад, Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Турсунзода дар масоҳати беш аз 3,5 гектар доман густурда, имрӯзҳо дар ҳудуди он бунёди фаввораву гулгаштҳо, майдончаи варзишию кохи шоҳмот ва корҳои созандагии дигар иншооти фароғатӣ муташаккилона идома доранд
Барои хуррамгардонии боғ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода қитъаҳои гулкориву мавзеъҳои ниҳолшинонӣ бо риояи қоидаҳои агротехникӣ омода гардида, шинонидани дарахтони ҳамешасабз, назири навъҳои гуногуни арча, дарахтони ороишӣ, алафи ҳамешасабз, садбарги ҳолландӣ ва гулҳои гуногуни мавсимӣ ба нақша гирифта шудааст.








СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд






