Дар «Бозори Деҳқон»-и Душанбе нархи маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба дигар бозорҳо 20-25 фоиз арзонтар аст

Январь 15, 2021 08:33

ДУШАНБЕ, 15.01.2021 /АМИТ «Ховар»/.  14 январ дар КВД «Бозори Деҳқон» -и шаҳри Душанбе нархи миёнаи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал чунин буд: 1 кг картошка 2 сомонию 93 дирам, 1 кг пиёз 1 сомонию 73 дирам, 1 кг сабзӣ  1 сомонию 47 дирам, 1 кг карам 1 сомонию 60 дирам, 1 кг помидор 8 сомонӣ, 1 кг бодиринг 6 сомонию 50 дирам, 1 кг гӯшт 48 сомонию 34 дирам, 1 кг гӯшти мурғ 23 сомонӣ, 1 кг биринҷ аз 12 сомонию 40 дирам (вобаста ба навъ), 1 литр равғани пахта 16 сомонию 40 дирам, 1 дона тухм аз 1 сомонию 2 дирам, 1 кг шакар 8 сомонию 50 дирам, 1 литр шир 4 сомонию 75 дирам, 1 кг лубиё 15 сомонӣ (навъҳои гуногуни донагӣ аз 6 то 11 сомониро ташкид медиҳанд), 1 кг гулкарам 2сомонию 50 дирам, 1 кг себ 5 сомонию 77 дирам, 1 кг ангур 9 сомонию 67 дирам ва 1 кг анор 8 сомонию 50 дирам.

Ба гуфти муовини директори КВД «Бозори Деҳқон»-и шаҳри Душанбе  Мастон Шарипов, ҳамарӯза маълумотномаи нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал тартиб дода шуда, маҳсулоти кишоварзии бозор аз рӯйи нархномаи муайянгардида пешниҳод карда мешавад.

Инчунин масъулини бозор миёни фурӯшандагон барои танзими нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал  корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки баланд гардидани нархи маҳсулотро то андозае нигоҳ доранд.

Дар КВД «Бозори Деҳқон» -и шаҳри Душанбе нархи маҳсулот нисбат ба дигар бозорҳои мамлакат 20-25 фоиз арзонтар мебошад.

Дар ин бозор ҳафтаи сипаригардида нархи 1 кг картошка 3- 3 сомонию 40 дирам, 1 кг пиёз 1,80-2 сомонӣ, 1 кг карам 2 сомонӣ, 1 кг помидор 14 сомонӣ, 1 кг бодиринг 11 сомонӣ, 1 кг себ аз 6 то 13 сомонӣ муқаррар гардида буд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, имрӯзҳо садоҳо оид ба боло рафтани нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бештар шудаанд. Вале аз таҳлилҳо ва муқоиса бо соли 2019 бармеояд, ки нархи на ҳамаи маҳсулоти мавриди  ниёзи аввал боло рафтааст.

«14 январи соли 2019 1 кг картошка 2 сомонию 60 дирам, 1 кг пиёз 2 сомонию 40 дирам, 1 кг сабзӣ  1 сомонию 25 дирам, 1 кг карам 1 сомонию 50 дирам, 1 кг помидор 6 сомонию 44 дирам, 1 кг бодиринг 9 сомонӣ, 1 кг гӯшт 46 сомонию 67 дирам, 1 кг гӯшти мурғ 25 сомонию 50 дирам, 1 кг биринҷ аз 10 сомонию 50 дирам (вобаста ба навъ), 1 литр шир 4 сомонию 60 дирам, 1 кг гулкарам 4 сомонию 50 дирам, 1 кг себ 8 сомонию 87 дирам, 1 кг ангур 9 сомонию 50 дирам, 1 кг анор 7 сомонию 50 дирамро ташкил медод»,- изҳор дошт Мастон Шарипов.

Ёдовар мешавем, ки КВД «Бозори деҳқон» дар таъмини сокинони шаҳри Душанбе ва  аҳолии шаҳру ноҳияҳои атрофи он бо маводи кишоварзӣ саҳми  назаррас дорад. Зеро бештари фурӯшандагони бозори мазкур деҳқонон мебошанд. Бозор зиёда аз 300 ҷойи нишаст дошта,  ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунад.

Ҳамарӯза аз хоҷагиҳои деҳқонии атрофи шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо ба ин бозор маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ворид мегардад.

Январь 15, 2021 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид