Дар Хоруғ Филиали маркази омодагии қаблии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон кушода мешавад
ДУШАНБЕ, 09.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) ба номи Абуалӣ ибни Сино дар шаҳри Хоруғ Филиали маркази омодагии қаблии Донишгоҳи мазкур кушода мешавад. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии ВМКБ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ин масъала дар назди муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода бо ширкати намояндаи донишгоҳ, масъулини соҳаи тандурустӣ ва маорифи вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Устоди ДДТТ, номзади илмҳои биологӣ Тоҳир Ниятбеков таъсиси филиали мазкурро дар тайёр намудани довталабони соҳаи тиб ва пешакӣ омода кардани онҳо барои дохил шудан ба донишгоҳи тиббӣ муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки бо кушода шудани он сифати қабули донишҷӯён ба донишгоҳ дар вилоят беҳтар мегардад.
Таҳсил дар марказ тӯли 8 моҳ идома ёфта, дониши андӯхта ба хонандагон ҳангоми қабул ва минбаъд дар ҷараёни таҳсил дар донишгоҳ кумак хоҳад кард.
Аз рӯи гуфти мавсуф, фаъолияти филиали мазкур дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нишон дод, ки 90 дарсади хонандагон баъди хатми он ба ДДТТ дохил мегарданд.
Муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода тасмими донишгоҳро дар самти омода кардани кадрҳои соҳаи тиб қобили қабул дониста, афзуд, ки зимни таҳсили довталабон бояд шароити иқлими баландкӯҳ ва сатҳи иҷтимоии аҳолӣ ба инобат гирифта шавад.
Ҳамчунин муовини раиси вилоят вобаста ба таҳсили довталабон аз минтақаҳои дурдасти вилоят, муқаррар намудани имтиёз ба довталабони оилаҳои ниёзманд, ташвиқу тарғиби фаъолияти филиали мазкур ва ба ин васила ҷалби ҳарчи бештари хонандагон ба омӯзиши пешакӣ ибрози назар намуд.
Зимни суҳбат гуфта шуд, ки айни ҳол дар Муассисаи давлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ ду утоқи корӣ барои фаъолияти филиали мазкур ҷудо гардида, дар назар аст он соли равон ба фаъолият шурӯъ намояд.








««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд






