Дар Шарқи Дур миёни ҳамватанон ҷиҳати пешгирии амалҳои номатлуби ҷомеаи муосир силсилавохӯриҳо доир шуданд
ДУШАНБЕ, 19.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки дар даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои хусусияти ифротӣ ва тундгароёна на танҳо дар мамлакат, балки дар тамоми дунё торафт зиёд мешавад. Мутаассифона, ин раванд барои амнияти ҷумҳурии мо ва минтақа хатару пайомадҳои манфӣ дорад.
Ин матлаб зимни вохӯрии масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва кормандони масъули Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Россия бо ҷавонону донишҷӯён, ки дар минтақаи Шарқи Дур фаъолияту таҳсил мекунанд, зикр гардид. Дар ҷараёни мулоқот доир ба хатари аслии ин падида изҳори назар карда шуд.
Тавре хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия Садбарги Боқӣ иттилоъ медиҳад, муддати чанд рӯз аст, ки бо дастури Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия чунин вохӯриҳо барои пешгирӣ аз амалҳои номатлуби ҷомеаи муосир ҷараён доранд.
Масъулин зимни вохӯриҳои судманд ёдовар шуданд, ки имрӯз баъзе аз ҷавонон таҳти таъсири таблиғоти доираҳои муайяне, ки дар минтақа вуҷуд доранд ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа мебошад, қарор гирифтаанд. Онҳо ба василаи истифода аз дин ва эътиқодоти динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ва тарҷеҳи тундгароӣ дар ҷомеаи суннатии кишвар ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳо иброз доштанд, ки «масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад».
Имрӯз дар ҷаҳони ислом якчанд ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароии дар заминаи эътиқоди динӣ амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд.
Ҳаёти воқеӣ нишон медиҳад, ки терроризм ба амнияти ҷомеа, ба таври муътадил фаъолият намудани мақомоти ҳокимият, инчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин падидаи манфӣ имрӯз аз ҷумлаи амалҳои ниҳоят хатарнок шинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф карда мешавад. Аз ин рӯ ҳар фарди ватандӯст ва ба имрӯзу ояндаи миллату ватанамон некбинро зарур аст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои осудагии Ватан, номи неки миллату меҳан дар арсаи байналмиллалӣ кӯшиш намоянд.
Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳад, ки бештар ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷавонон, ки аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, қарор мегиранд. Омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи мамлакат ва наёфтани ҷои аниқи корӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидайн ба тақдири фарзандон, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ ва ғайраҳо мебошанд.
Омилҳои муайяншуда дар самти шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ нишон доданд, ки ин пеш аз ҳама, ба зиёдаравӣ ва ҳисси бегонапарастии онҳо рабт дорад. Баъзе ҷавонон аз бетарафии ҷомеа истифода бурда, дар хориҷи кишвар таҳсил карда, узви ягон ҳизб ва ё ҳаракат шуда, баъди бозгашт ба вайрон кардани мафкураи ҷавонони дигар машғул мешаванд.
Вохӯриҳои кормандони масъули Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҷиҳати пешгирӣ аз амалҳои номатлуби ҷомеаи муосир дар минтақаи Шарқи Дур ҷараён доранд. То кунун дар корхонаю донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳое, ки ҷавонону шаҳрвандони Тоҷикистон кору таҳсил мекунанд, чунин суҳбату вохӯриҳои судманд доир шуда, онҳоро барои аз чунин амалҳои номатлубу хавфноки ҷомеа дур будан ва номбардори номи неки миллату ватан гардидан даъват намудаанд. Иштирокчиён дар ҷараёни мулоқотҳо ба саволҳои бешуморашон ҷавобҳои мушаххас гирифта, бо изҳори қаноатмандӣ баргузор намудани ин гуна суҳбатҳои рӯ ба рӯро бо иштироки адибону ҳунармандон ва афроди номдори миллату ватан хоҳиш карданд.
Масъулин хоҳишу дархости онҳоро барои пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудан ба қайд гирифтанд. Дар назар аст чунин вохӯриҳои судманд дар дигар минтақаҳои Федератсияи Россия низ бо иштироки доираи васеи ҳамватанон баргузор карда шаванд.