Дар Тоҷикистон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 млрд. сомонӣ баробар гардид

Январь 28, 2021 14:25

ДУШАНБЕ, 28.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он дар сатҳи 4,5 фоиз таъмин гардид. Дар ин бора Сарвазири мамлкат Қоҳир Расулзода дар маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат, ки 27 январ доир гардид, иттилоъ дод.

Қоҳир Расулзода илова намуд, ки ба таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 9,7 фоиз, кишоварзӣ 8,8 фоиз ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот 19,8 фоиз мусоидат намуд.

«Бо вуҷуди ин, дар давраи ҳисоботӣ дар натиҷаи таъсири манфии омилҳои берунӣ ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ нисбат ба соли 2019 — 9,9 фоиз, гардиши савдои дохилӣ 6,8 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 4,6 фоиз ва мусофиркашонӣ 2,5 фоиз  коҳиш ёфт. Дар ин давра сатҳи таваррум 9,4 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 (8 фоиз) 1,4 банди фоизӣ зиёд буда, асосан аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқаворӣ 13 фоиз, молҳои ғайриозуқа 5,8 фоиз ва тарофаҳои хизматрасонии пулакӣ 4 фоиз ташаккул ёфтааст», — илова намуд Сарвазир.

Сарвазири мамлакат изҳор дошт, ки бо мақсади самаранок ва оқилона истифода намудани захираву имкониятҳои мавҷуда ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, инчунин ҷиҳати таъмини иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар дар соли 2020 дар кишвар 300  корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ бо 6500 ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар ин маҷлис, Ҳукумати мамлакат вазифадор гардид, ки иҷрои сифатноки нақшаҳои хафтсоларо, ки дар суханронии Роҳбари давлат дар маросими савгандёдкунӣ баён шудаанд, таъмин намуда, ҷиҳати ду баробар афзоиш додани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, ба 45 фоиз расонидани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва то 10 фоиз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар ин давра тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар созад.

Январь 28, 2021 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд