Даври ҷумҳуриявии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2020» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 12.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 13 январ дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф даври ҷумҳуриявии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2020» ҷараён мегирад, ки довталабон аз рӯйи 7 шарт: муаррифии таҷрибаи корӣ, баргузор намудани маҷлиси падару модарон, дарси конкурсӣ аз рӯйи ихтисос, таҳлили дарс, доир намудани соати тарбиявӣ, кор бо компютер, ҷавоб додан ба саволҳои пешниҳодшуда ҳунару маҳорат ва донишу малакаи худро пешниҳоди аъзои ҳакамон менамоянд. Озмун се рӯз идома ёфта, маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупорӣ ба ғолибон 13 январ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар озмуни мазкур омӯзгори фанни забони англисии литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ Сайлӣ Наврӯзбекова, омӯзгори фанни географияи мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб Некрӯз Турсунзода, омӯзгори фанни биология аз муассисаи таълимии махсусгардонидашуда барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Ҷалолова, омӯзгори фанни химия аз Литсейи №3 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Азизбек Зумратов ва омӯзгори фанни забони русӣ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Шаҳринав Тоҳирҷон Холиқов иштирок доранд.
Зимни ифтитоҳи озмун Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода зикр намуд, ки «ҳадаф аз гузаронидани озмун-ин дарёфт намудани омӯзгорони боистеъдод ва муаррифии таҷрибаи пешқадами педагогии онҳо миёни кормандони соҳаи маориф ва илм, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, тарғиби навҷӯию эҷодкорӣ, ҳамчунин баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа мебошад».
Бояд тазаккур дод, ки рушди ҳар ҷомеа ба низоми илму маорифи он робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз сатҳи дониш ва маърифатнокии аҳли ҷомеа пешрафти ҳар давлатро дар саҳифаҳои таърихи инсоният таъмин менамояд. Бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар фаъолияти омӯзгорон фазои наву мустақил ворид гашт, омӯзгорон машғулияти худро бо андешаҳои миллӣ мувофиқ карданд ва дар тарбияи худшиносии насли наврас ва ҷавонон имконияти бештар фароҳам омад. Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 сентябри соли 2020 маоши омӯзгорон 15 дарсад баланд бардошта шуд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» ҳамасола дар ҷумҳурӣ баргузор мегардад.
Соли гузашта омӯзгори фанни забони англисии Литсейи математикии №1-и шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Каримова бо гирифтани 205 хол ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» эълон гардида буд.








Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд






