Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Қурбоналӣ Абдулло аз олам даргузашт

Январь 12, 2021 09:00

ДУШАНБЕ, 12.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 11 январ овозхони маъруф, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Қурбоналӣ Абдуллоев дар 57-солагӣ аз олам даргузашт. Маросими дафнаш имрӯз дар шаҳри Ваҳдат баргузор мешавад.

Қурбоналӣ Абдуллоев 23 апрели соли 1963 дар деҳаи Купрӯкбошии шаҳри Ваҳдат (собиқ ноҳияи Орҷонкидзеобод)  ба дунё омадааст. Аз синфи чорум дар маҳфили овозхонҳои ҷавони мактаб ширкат мекард. Соли 1977 озмуни ҷумҳуриявии овозхонҳои наврас баргузор гардид, ки дар он ғолиб гардид.

Мавсуф дар Мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова то соли 1983 таҳсили мусиқиро идома додааст. Сипас ба Донишкадаи олии санъати ба номи Мирзо Турсунзода дохил шудааст. Ду сол дар вилояти Мурмански Федератсии Россия   хизмат карда, дар он ҷо ҳам аз ҳунари овозхонӣ дур набуд. Дар оркестри нафасии қисми низомӣ сози баритон менавохт ва ҳамзамон роҳбари бадеии ансамбли эстрадии қисми низомӣ буд. Дар радиои вилоятии Мурманск нуҳ таронаи тоҷикӣ сабт кардааст.

Баъди адои хизмат дар артиш боз таҳсилро дар шуъбаи мутрибии факултети мусиқии тоҷик дар Донишкадаи санъат ва фарҳанг давом дода, дутори бас менавохт, вале бисёртар ба овозхонӣ машғул буд. Дар факултет инчунин ансамбли созҳои миллӣ-суннатӣ вуҷуд дошт, ки роҳбараш Муҳаммадқул Ҷумъаев буд. Дар ин ансамбл ҳам солист- овозхониро ба уҳа дошт.  Пас аз хатми донишкада дар ансамбли «Дарё»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, аз соли 2015 то дами охир бознишаста буд.

Қурбоналӣ Абдуллоев аз ҷумлаи он сарояндаҳоест, ки тарзу шеваи овозхонии хоси худро дошта, бештар бо сароидани сурудҳои мардумӣ ва бадеҳа машҳур аст. Ӯро бо сурудҳои «Қишлоқаки ман», «Чашмам масти ту бошад», «Душанбе», «Лайло», «Санамо», «Аввалин ишқам ту будӣ» ва «Чеҳраи хаёл» мешиносанд.

Январь 12, 2021 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид