Донишгоҳи миллии Тоҷикистон корҳои беҳтарини инноватсионии соли 2020-ро муайян ва қадрдонӣ намуд

Январь 5, 2021 14:28

ДУШАНБЕ, 05.01.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон озмун «Барои дарёфти корҳои беҳтарини инноватсионӣ» миёни  устодону кормандон, донишҷӯёну унвонҷӯён, аспирантону докторантон ва хонандагони литсейи донишгоҳро дар соли 2020  ҷамъбаст намуд.

Тавре аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ба озмун 22 лоиҳа пешниҳод гардида,  ғолибони лоиҳаҳо миёни кормандон, аспирантон ва донишҷӯён муайян гардиданд.

Миёни кормандон ва аспирантон ҷойи аввалро  аспиранти соли 3-юми факултети физика Иноятулло Файзуллоев бо лоиҳаи «Датчикҳои лазерии ҷойивазкунанда дар асоси композитҳои полимерӣ- булӯрии моеъ» соҳиб шуда, бо дипломи дараҷаи I ва 2000 сомонӣ қадрдонӣ гардид. Ҷойи дуввум ба мудири кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёт Сафархон Ғафуров барои лоиҳаи «Таъсири коркарди пешакии гармӣ ба тобоварии полистирол» дода шуда, бо дипломи дараҷаи II ва 1500 сомонӣ қадрдонӣ гардид. Ассистенти факултети биология Исломиддин Саидов барои лоиҳаи «Технологияи парвариши марҷумак дар шароити минтақаи наздикӯҳии Тоҷикистони марказӣ» соҳиби ҷойи сеюм, дипломи дараҷаи III ва 1000 сомонӣ гардид.Миёни донишҷӯён донишҷӯи курси 1 факултети муносибатҳои байналмилалӣ Маҳноза Кабирова бо лоиҳаи «Намоиши объектҳо ва намоишномаҳои гуногун дар 3Д аҳром (пирамида)» соҳиби ҷои аввал,  дипломи дараҷаи I ва 2000 сомонӣ гардида, ҷойи дуввум бо  дипломи дараҷаи II ва 1500 сомонӣ ба  донишҷӯи курси 1 факултети журналистика  Муҳаммади Т барои лоиҳаи «Истифодаи айнаки VR барои корҳои лабораторӣ дар соҳаҳои гуногун» ва ҷойи сеюм бо дипломи дараҷаи III ва 1000 сомонӣ ба донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси кимиёи татбиқии факултети кимиё Абдулҳалим Шукуров барои лоиҳаи «Усули инноватсионии таҳсилот аз фанҳои дақиқ бо мақсади татбиқи илм дар истеҳсолот» дода шуд.

Дар мамлакат  41 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 15 – тоашон дорои парки технологӣ мебошанд.

Ба иттилои Вазорати маориф ва илми мамлакат, ҳоло самти фаъолияти технопаркҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии  ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд  назаррас мебошад.

Ёдовар мешавем, ки паркҳои технологӣ ҳамчун муассисаи инноватсионӣ бо мақсади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияи аълосифат ташкил шуда, ҳадафашон қонеъ гардонидани талаботи истеҳсолот дар истифодаи технологияҳои навтарин ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсиониву сармоягузорӣ мебошад. Имрӯзҳо  дар ҳамаи озмоишгоҳҳо аз тарафи устодон, магистрантон, докторантон ва донишҷӯён корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ гузаронида шуда,  дар онҳо машғулияти озмоишгоҳӣ, таҷрибаомӯзиҳои таълимию истеҳсолии донишҷӯён, корҳои илмӣ- таҳқиқотии магистрантон ва докторантону унвонҷӯён ба роҳ монда шудаанд.

Январь 5, 2021 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид