«ДУШАНБЕ-ГАНҶЕ ДАР ҚАЛБИ ОСИЁ». Таҳти чунин унвон барои эҷодкорон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад

Январь 18, 2021 15:10

ДУШАНБЕ, 18.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон шудани шаҳри Душанбе дар соли 2021 Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Озмуни ҷумҳуриявии «Душанбе- ганҷе дар қалби Осиё» эълон менамояд.

Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар озмун олимону адибон, рӯзноманигорон, сокинони пойтахт ва он нафароне, ки қобилияти эҷод кардан доранд, иштирок карда метавонанд.

Инчунин сокинони дигар минтақаҳои мамлакат ва сайёҳони хориҷӣ низ метавонанд бардошти худро пас аз тамошои шаҳри Душанбе ба унвони почтаи электронии javonontj@mail.ru пешниҳод намоянд.

Маводи пешниҳодшаванда бояд фарогири дастовардҳои замони соҳибистиқлолии Душанбе зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хидматҳои мондагори шаҳрдори ҷавони мамлакат муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар роҳи ба шаҳри орзуҳо табдил додани шаҳри Душанбе бошанд. Мақолаҳо бояд дар ҳаҷми то 4 саҳифа бо ҳуруфи Arial tj, андозаи 14 пешниҳод карда шаванд.

Хоҳишмандон метавонанд мақолаҳои худро аз 20 январ то 20 август пешниҳод намоянд. Ғолибони озмун дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туҳфаҳо қадрдонӣ мешаванд.

Бояд гуфт, ки барои ғолиби ҷойи аввал  телевизори плазмавӣ, барои ҷойи дуюм  ноутбук  ва  барои ҷойи сеюм планшет пешбинӣ шудааст.

Январь 18, 2021 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Пешвои миллат: «Фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо эътироф гардидааст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»