«Ганҷе дар домони пиряхҳо», «Муъҷизаи Тоҷикистон»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Январь 7, 2021 15:02

ДУШАНБЕ, 07.01.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар ҳафтаи равон, ки нахустин ҳафтаи соли нави мелодии 2021 маҳсуб меёбад, матбуоти  даврии мамлакат рӯйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳонро бозтоб намудаанд.

«Ҷумҳурият»- нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шумораи 3 (24 110) чоршанбе, 6 январи  соли 2021 дар саҳифаи якум  мақолаеро таҳти унвони «Ганҷе дар домони пиряхҳо» интишор намудааст, ки дар он раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори  Қосим доир ба дастовардҳо ва пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва омодагии ноҳия ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳояшро баён кардааст. «Бо дастуру ҳидоятҳои  Роҳбари давлат  дар маркази ноҳия даҳҳо иншооти нав сохта шуданд. Пеш аз ҳама,  аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4, қасри фарҳанг, бинои шуъбаи ноҳиявии  Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қомат рост карданд. Ҳамзамон қариб 6 километр роҳ ҳамвор, мумфарш ва чароғон гардид. Дар соли 2020 биноҳои бисёрошёнаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ванҷ, комиссариати ҳарбӣ, маркази савдои «Ванҷ сити» ва  меҳмонхонаи замонавӣ  мавриди истифода қарор  гирифтанд. Дар ҳалли бомуваффақияти яке аз вазифаҳои  муҳим — дигаргунсозии инфрасохтори деҳот на танҳо дар шаҳраки Рохарв, балки дар деҳаҳо низ биноҳои нав, маҳаллаҳои ҷадид ва маконҳои зисти ҳозиразамони ҷавобгӯ  ба талаботи меъморӣ ва шаҳрсозӣ  бунёд гашта истодаанд. Аз ҷониби директори ширкати «Рухом», соҳибкори муваффақ Муфарраҳ Муҳаббатов дар мавзеи Вишхарваки деҳоти Рованд сохта шудани  маркази хизматрасонии «Ванҷи Боло» ва аз тарафи  сарвари Боғи миллии Ванҷ Розиқ Гиёев бунёд намудани  бозор ва меҳмонхона дар ҳамин мавзеъ далели ин гуфтаҳо мебошанд. Мардуми диёри пурганҷ бо дили гарм  ва аз рӯи оини  ватандӯстӣ  тасмим  гирифтаанд, ки  дар соли ҷашни  фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои шоиста ва арзишмандро боз ҳам бештар  ба ҷо оранд»,- гуфтааст Ҷаббори Қосим.

Ҳамзамон хонандагони нашрияи расмии «Ҷумҳурият» имкон доранд аз ин шумора мақолаҳоро таҳти унвони  «Рӯзгоре барои ибрат», «Тулӯи ситораҳои нав» ва дигар хабару гузоришҳоро аз ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат ва ҷаҳон мутолиа намоянд.

          «Садои мардум»-нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи ҷашнӣ ё нашри махсуси худ –№1-2 (4263-4264) 1-5 январи соли 2021 дар саҳифаи нахустини худ Паёми шодбошии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати соли нави  мелодии 2021  таҳти унвони «Соли 2021 соли дастовардҳои наву  таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ваҳдату  субот мегардад» чоп намудааст.

Мусаллам аст, ки нашрияи парлумонии  «Садои  мардум» ҳамсоли Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 1 январи соли 2021 аз таъсиси он 30 сол сипарӣ гардид. Дар ин росто, кормандон- ҳайати эҷодию техникии нашрияи парлумонии мамлакат- «Садои мардум»-ро бо 30–солагии рӯзномаашон Раиси Маҷлиси  миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор  Раҳмонзода табрик намуда, саломатӣ ва муваффақият таманно намудаанд. Инчунин дар ин шумора доир ба маҷлиси  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон гузориш чоп шудааст. Ҳамзамон хонандагони «Садои мардум» имкон доранд аз нашри махсус  дар радифи хабару гузоришҳо аз фаъолияти Парлумони мамлакат, инчунин мақолаҳоро таҳти унвони  «Рӯзноманигорони «Садои мардум» асосгузорони журналистикаи  муосири тоҷиканд»,  «Рӯзномаи «Садои мардум»  ва Истиқлолияти давлатӣ ҳамсоланд», «Истиқлолиятро сано хонда, ҳақиқатро ситоиш кардаам» мутолиа намоянд.

«Народная  газета»- нашрияи русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи  рӯзи чоршанбе, №1 (20283) 6 январи соли 2021 Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар робита ба фарорасии соли нави мелодии 2021 таҳти унвони «Народ Таджикистана на новом году  направит усилия на развитие независимого государства», инчунин гузоришро  аз ҷараёни маҷлиси  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки Пешвои  миллатро дар ифтитоҳи як қатор корхонаҳои саноатӣ дар минтақаи саноатии пойтахт зери рубрикаи «Новые предприятия  в промышленной  зоне столицы» нашр намудааст. Ҳамзамон ҳайати  эҷодии нашрияи русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» дар ин шумора мақолаҳоеро, ба мисли «Актуальные вопросы гражданства/безгражданства на современном этапе», «Задача таджикских геологов–открытие новых месторождений», «Региональное  сотрудничество как фактор национальной безопастности», «Под Ленинградом  в дни блокады», «Там рощи на склонах кудрявые» ва дигар хабару гузоришҳоро таҳия намуда, пешкаши хонандагони нашрия намудаанд.

«Минбари халқ»— нашрияи  марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи чоршанбе, 6 январи соли 2021 №1(1295)  аз ҷараёни  баргузории маҷлиси Хукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон гузориши муфассал чоп намудааст. Инчунин таҳти унвони «Соли 2021-бояд соли дастовардҳои тоза бошад» Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2021 ба мардуми Тоҷикистон  интишор намудааст. Ҳамзамон хонандагони нашрияи ҳизбии «Минбари халқ» имкон доранд  аз ин шумора мақолаҳои «Бистсолаи  омӯзиш», «Истифодаи  дурусти  захираҳои обӣ –кафолати таъмини муназзами неруи барқ», «Фарҳанги  истифодаи барқ бояд риоя шавад», «Ёде аз устоди камназир», «Сафинаи хотираҳо», «Феҳристи қарздорон – роҳе барои пешгирӣ аз қарздории номатлуб», «Ҳимоя ва ҳифзи кӯдакон», «Ҳикмати камхӯрӣ», «Муъҷизаи Тоҷикистон», «Риояи қоидаҳои  имло ва савтиёти забон ҳатмист» ва дигар хабару гузоришҳоро аз фаъолияти ҲХДТ мутолиа намоянд.

Марзияи САИД,
АМИТ «Ховар»

Январь 7, 2021 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«САД РАНГИ ЧАКАН». Ин фестивал бо мақсади муаррифии фарҳангу ҳунари бостонии халқи тоҷик баргузор мешавад
Намояндагони илму фарҳанги Тоҷикистон бо фаъолияти Донишгоҳи давлатии Самарқанд шинос шуданд
РУШДИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ. Таҳти ин унвон конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми зиёиёни эҷодкори давлатҳои ИДМ баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд утоқҳо барои дарси забон ва адабиёти тоҷик кушода шуданд
ФАРҲАНГ- САРМОЯИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ. Лабчанг сози мусиқие аст, ки навои дилнишини миллӣ дорад
Дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон таъсис меёбад
РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ба ин муносибат Озмуни ҷумҳуриявии «Суруди сарбоз» ҷамъбаст мегардад
Бозингарони дастаи мунтахаби занонаи футзали Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
«ТО ТАВОНӢ ДӮСТОНРО ГУМ МАКУН». Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши илмию амалӣ дар шаҳри Самарқанд иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Тақдими китоб яке аз ташаббусҳои неки Президенти Тоҷикистон мебошад
Дар Тоҷикистон 1160-солагии файласуф ва олими маъруфи тоҷик Абубакри Розӣ таҷлил карда мешавад