Хатлон. Дар соли 2021 ба хонандагон-ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва омӯзгорон мукофотпулӣ дода мешавад
ДУШАНБЕ, 25.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар муҳаққиқе, ки соли 2021 рисолаи номзадӣ дифоъ мекунад, ба роҳбари илмии ӯ низ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад. Инчунин дар баробари ҳар ғолиби даври ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2021 ба омӯзгорон низ мукофотпулӣ дода мешавад. Ин нуктаро 23 январ дар маросими таҷлили ҷашни Сада дар толори Театри вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар раиси вилояти Хатлон иброз намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилооти раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.
Дар ин маросим ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», олимону муҳаққиқоне, ки дар соҳаҳои илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, риёзӣ ва тиб рисолаҳои докторию номзадӣ дифоъ кардаанд, инчунин барандаҳои гранти раиси вилояти Хатлон бо Сипоснома ва туҳфаҳо сарфароз гардиданд.
Зикр гардид, ки аз вилоят дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 5100 нафар иштирок карда, аз ин теъдод 637 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Даври вилоятии озмун дар ду минтақа- шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб дар сатҳи баланд баргузор ва натиҷагирӣ карда шуда, 83 нафар бо Диплом, Ифтихорнома, маблағҳои пулӣ ва 101 нафар бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.
Дар даври ҷумҳуриявии озмун аз вилояти Хатлон 92 нафар ширкат намуда, ба гирифтани 20 ҷой, 1 ҷойи якум, 7 ҷойи дуюм, 12 ҷойи сеюм мушарраф гардида, бо диплом ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилоят ғолибони ҷойи якумро бо 10 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюмро бо 7 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюмро бо 5 ҳазор сомонӣ қадршиносӣ намуд.
Ҳамчунин дар ин маросим 21 нафар ғолибони озмун грантҳои нави раиси вилояти Хатлонро барои соли 2021 дар ҳаҷми аз 8000 то 20000 сомонӣ дастрас намуда, бо Ифтихорнома сарфароз гардиданд.
Инчунин ба 14 нафар муҳаққиқоне, ки дар соҳаҳои тиб, илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба дарёфти дараҷаҳои илмии доктор ва номзади илмҳо шарафёб гардидаанд, дар ҳаҷми 5000 ва 10000 сомонӣ ва мукофоти ҳавасмандгардонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим шуд.








Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
1050-СОЛАГИИ РОБИАИ БАЛХӢ. Ӯ нахустин зани соҳибдевони тоҷик аст
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сӯзании Панҷакент рамзи фарҳанги миллӣ ва пешрафти ҳунарҳои дастии занони тоҷик аст
Моҳи октябр дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир мегардад
Дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 18 озмоишгоҳ таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда шуд
ФАРҲАНГ — ҲАСТИИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе аҳли фарҳангу ҳунар қадрдонӣ гардиданд
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Миллатдӯстӣ шарти асосии муқовимат ба таҳдидҳои мафкуравӣ аст
Дар Душанбе Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ доир мешавад
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Суғд барои даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Хатлон барои ғолибони даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Моҳи апрел дар Тоҷикистон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Таҳкими худшиносии ҷавонон тавассути тарғиби фарҳангу тамаддун ва таърихи пурғановати миллӣ амали омӯзанда аст






