МИРЗИЁЕВ ДАР БОРАИ РУШД ВА ОММАВИГАРДОНИИ ШОҲМОТ ҚАРОР ИМЗО КАРД. Ин санад дар робита ба қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии СММ, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва якчанд кишвари дигар қабул гардида буд, ба тасвиб расидааст

Январь 15, 2021 13:31

ДУШАНБЕ, 15.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар 150 мактаби миёнаи Ӯзбекистон дар доираи барномаи ҳатмӣ таълими пилотии шоҳмот ҷорӣ карда мешавад. Ин дар Қарор «Дар бораи тадбирҳои рушд ва оммавигардонии шоҳмот, инчунин такмили низоми тайёр кардани шоҳмотбозон», ки 14 январ аз ҷониби Президент Шавкат Мирзиёев ба имзо расидааст, пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АМИ «УзА».

Бо қарори Ш. Мирзиёев инчунин Барномаи давлатии рушди шоҳмот дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон то соли 2025 тасдиқ карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки қарори президенти Ӯзбекистон, тавре дар санад омадааст, ба муносибати қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии СММ, ки тибқи он 20 июл Рӯзи ҷаҳонии шоҳмот эълон шудааст, ба имзо расид.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, 12 декабри соли 2019 Маҷмаи Умумии СММ бо ташаббуси як қатор давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Туркманистон ва Ӯзбекистон якдилона 20 июлро Рӯзи умумиҷаҳонии шоҳмот эълон кард. Аъзои Маҷмаи Умумии СММ бо зикри он ки шоҳмот яке аз қадимтарин бозиҳои зеҳнӣ ва фарҳангие мебошад, ки унсурҳои варзиш, тафаккури илмӣ ва санъатро дар бар мегирад, ба ҳамаи давлатҳо пешниҳод карданд, ки Рӯзи нави умумиҷаҳониро сазовор таҷлил намоянд.

Ҳаммуаллифони қатъномаи нави Маҷмаи Умумии СММ таъкид карданд, ки шоҳмот санъатест, ки дар тамоми ҷаҳон бозӣ карда мешавад. Он адолат, ҳамгироӣ ва эҳтироми мутақобиларо таҳрик медиҳад ва инчунин ба фароҳам овардани фазои таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо ва давлатҳо мусоидат мекунад.

Бояд тазаккур дод, ки шоҳмот яке аз қадимтарин бозиҳои халқи тоҷик ва дигар халқҳои форсизабон ба ҳисоб меравад. Дар давлатҳои мухталиф бозии шоҳмот номи худро дорад: дар Англия — чесс (англисӣ chess), дар Испания — ахедрес (испанӣ el axedres), дар Германия — шах (немисӣ Schach), дар Франсия — эшек (франсавӣ echecs). Номи русии он аз забони форсии қадим сарчашма мегирад: «шах мат» (шоҳ мот) – «Шоҳ мағлуб шуд».

«Шоҳмот бозидан қобилияти ақлониро мекушояд», — гуфта буд замоне рӯзноманигор, нависанда ва сиёсатмадори маъруфи ИМА Бенҷамин Франклин. Ин бозии шавқоварро аз замонҳои қадим миллионҳо одамон дар тамоми гӯшаҳои ҷаҳон бозӣ мекарданд. Имрӯз шоҳмот на танҳо ба як намуди варзиш, балки ба усули боэътимоди тарбияи фарзанд табдил ёфтааст.

Бо дарназардошти ин, моҳи августи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати ҷорӣ кардани дарси шоҳмотро дар мактабҳои мамлакат таъкид карда буданд. Пас аз он, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои дарсиро бо забони тоҷикӣ таҳти унвони «Асосҳои шатранҷ» нашр кард, ки дар он қоидаҳо ва маҷмӯи комбинатсияҳои ин бозии қадимии мардуми мо дарҷ ёфтаанд. Барномаи таълимӣ оид ба шоҳмот дар мактабҳои миёна низ таҳия карда шуд.

«Татбиқи ин фан, ба фикри мо, дар гирифтани маълумоти ҳамаҷонибаи фарзандонамон, ташаккули тафаккур ва рушди қобилияти зеҳнии онҳо натиҷаи мусбат хоҳад дод», — тазаккур дода буд Вазири вақти маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар». Ба гуфтаи ӯ, дарси шоҳмот ба барномаи таълимӣ дар доираи дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва меҳнат дохил карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли 2018 муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид аз нав президенти Федератсияи шоҳмот интихоб шуд. Ӯ бори аввал соли 2014 раиси федератсия интихоб гардида буд. Давоми ин солҳо шоҳмотбозони тоҷик қариб дар ҳама мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ ширкат варзиданд. Илова бар ин, Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ Ҷоми ҷаҳониро дар Хоҷа Обигарм баргузор намуд.

Соли 2018 ҳамчунин дар Батуми интихоботи президенти ҳафтуми Федератсияи байналмилалии шоҳмот баргузор шуд. Президенти он собиқ ёвари президент ва ноиби сарвазири Россия, ҳоло ҳамраиси Бунёди «Сколково», сиёсатмадори маъруф Аркадий Дворкович гардид. Ӯро Федератсияи миллии шоҳмоти Тоҷикистон низ дастгирӣ кард. Дар навбати худ, Дворкович ваъда дод, ки ба рушди шоҳмот дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

ДАР АКСИ БОЛО: қаҳрамони Осиё ва Ӯзбекистон Ҷавоҳир Синдорови 14-сола, ки дорандаи унвони Устоди байналмилалии шоҳмоти ФИДЕ мебошад. Акс аз UzNews.uz

Январь 15, 2021 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо гардид
Имрӯз ҳунармандони «Казакконсерт» дар Душанбе санъати миллии қазоқиро намоиш медиҳанд
Дар Хуҷанд консерти устодони санъати шаҳри Шимкент баргузор гардид
РӮДАКӢ ДАР ҚАЗОҚИСТОН, АБАЙ ДАР ТОҶИКИСТОН. Гузоштани нимпайкараи ин фарзандони барӯманди ду халқ нишони дӯстии қадимии тоҷику қазоқ аст
Дар Суғд Фестивали вилоятӣ ва намоишу фурӯши «Атласу адрас» баргузор мегардад
Ҳунармандони «Казакконсерт» дар Душанбе санъати миллии қазоқиро намоиш медиҳанд
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон ва намоиши санъати ороишии амалии ҳунармандони қазоқ доир мегардад
Ҳайати Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон бо мавзеъҳои таърихии Бохтар шинос мегардад
Олимони Қазоқистон бо фаъолияти Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ ва Институти кимиё шинос гардиданд
Пагоҳ Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон нимпайкараи шоири қазоқ Абай Кунанбоев гузошта шуд
«ГАНҶИНАИ МЕРОС». Таҳти чунин унвон дар Душанбе Фестивали намоиши либосҳои миллӣ доир мегардад