ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ НАВИ ОБЁРӢ. Дар Канали калони Фарғона корҳои тозакунӣ оғоз гардиданд

Январь 19, 2021 11:37

ДУШАНБЕ, 19.01.2020. /АМИТ Ховар/. Чанд рӯз аст, ки дар доираи корҳои омодагӣ ба мавсими нави обёрӣ дар Канали калони Фарғона корҳои тозакунӣ оғоз гардидаанд. Иқдоми мазкур бо ибтикори кормандони идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Конибодом ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷараён дорад. 

Тавре масъулини идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳр ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд хабар доданд, ҳоло кормандони идора ба корҳои омодагӣ ба мавсими нави обёрӣ шурӯъ намудаанд. Иҷрои ин амал ба иҷрои ҳадафҳои олии Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла, таъмини амнияти озуқаворӣ, амалигардонии Даҳсолаи нави амал «Об барои рушди устувор», сари вақт ва босифат обёрӣ гардидани заминҳо ва пешрафти соҳаи кишоварзӣ   мусоидат менамояд. Имрӯзҳо талабот ба об камтар буда, фурсати муносибест барои таъмиру тармими таҷҳизоти обкашӣ, тоза кардани каналу заҳбурҳо ва умуман омодагӣ ба обёрии мавсими нав.

Имсол тибқи нақша тоза намудани канал ба масофаи 25000 метри мукааб ба нақша гирифта шуда, асосан ҷойҳои осебпазири он тоза карда мешавад. Бо ин мақсад ба мавзеи кор техникаҳои замонавӣ ҷалб карда шуда, то имрӯз 70 дарсади корҳо иҷро гардидаанд.

Обёрии заминҳои аксар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр аз Канали калони Фарғона, ки имсол аз баистифодадиҳии он 82 сол мегузарад ва он муддати 45 рӯз бе истифодаи техникаю тариқи ҳашар кофта шудаааст, сарчашма мегирад. Инчунин як қисми сокинони шаҳр аз оби Канали калони Фарғона истифода мебаранд.

Январь 19, 2021 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид