Роҳбари СУТ даъват намуд, ки дар навбати аввал кормандони соҳаи тандурустӣ ва пиронсолон бо ваксина таъмин карда шаванд

Январь 30, 2021 12:38

ДУШАНБЕ, 30.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Директори генералии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) Тедрос Аданом Гебресиесус бар ин назар аст, ки дар шароити интиқоли маҳдуди ваксинаи зидди коронавирус, пеш аз ҳама, бояд кормандони соҳаи тандурустӣ ва пиронсолон бо ваксина таъмин карда шаванд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора ӯ дирӯз, 29 январ зимни брифинг дар Женева иброз дошта, аз кишварҳои ҳамроҳ ба механизми байналмилалии COVAX ва бо дигар давлатҳо даъват намуд, ки инро ба инобат гиранд.

“Шумораи бештари ваксинаи зидди COVID-19 истеҳсол мегардад ва барои ҳама кофӣ хоҳад буд. Аммо, ваксинаҳо ҳоло дар ҳаҷми маҳдуд истеҳсол шудаанд. Мо бояд онҳоро то ҳадди имкон самаранок ва одилона тақсим кунем”, — гуфт роҳбари СУТ.

Қаблан Вазири тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин  Абдуллозода ба АМИТ «Ховар» иброз дошта буд, ки бо мақсади тақсимоти одилонаи ваксина дар байни гурӯҳҳои афзалиятноки аҳолӣ аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ чорабиниҳо гузаронида, оид ба ин масъала дастурамал таҳия ва қабул карда шуд. Тибқи дастурамали мазкур, пеш аз ҳама, бояд дастрасӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва иҷтимоӣ, ки хатари баланди сироятёбиро доранд, пиронсолон ва онҳое, ки аз бемориҳои музмини ғайрисироятӣ, аз ҷумла бемориҳои дилу рагҳо, диабети қанд, метаболитикӣ (фарбеҳӣ) азият кашида, хавфи баланди талафоти ҷонӣ доранд, таъмин карда шаванд.

Дар ин самт Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар робита бо ташаббуси Алянси глобалии ваксина ва иммунизатсия, ки механизми байналмилалии COVAX-ро ташкил намуда, бевосита ба ҳамоҳангсозии чорабиниҳо ҷиҳати ҷамъоварии маълумот оид ба бақайдгирии давлатҳои ниёзманд (92 давлати ҷаҳон) барои расонидани кӯмакҳо бо мақсади таъмини онҳо бо ваксина бар зидди сирояти COVID-19 фаъолият дорад, гурӯҳи кории техникиро дар ҳайати сармутахассисони соҳавӣ, коршиносон ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ барои омодабошӣ ба воридкунии ваксинаи зидди сирояти COVID-19 таъсис дод.

Аз ҷониби гурӯҳи мазкур тибқи дархости механизми COVAX гурӯҳи мақсаднок аз ҳисоби шумораи умумии аҳолӣ барои фаро гирифтан бо ваксинатсия бар зидди сирояти COVID-19 муайян гардид, ки он 1,8 миллион нафар ва ё 20 фоизи аҳолии умумии мамлакатро ташкил медиҳад.

Ба ин гурўҳ кормандони соҳаи тиб, маориф, аҳолии аз 50- сола боло ва шахсони гирифтори бемориҳои музмини ғайрисироятӣ дохил карда шудаанд.

Шумораи мақсадноки аҳолӣ ба Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия санаи 7 декабри соли 2020 ирсол шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба рўйхати давлатҳои дархосткунандаи ваксина бар зидди сирояти COVID-19 ба механизми COVAX шомил гардид.

Январь 30, 2021 12:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон