Шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон» ба ноҳияи Лахш расид
ЛАХШ, 12.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров- китоби «Тоҷикон»-ро ба ноҳияи Лахш расониданд.
Тавре масъулини ноҳияи Лахш ба мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” хабар доданд, дар ҳукумати ноҳия аз ҳисоби раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва командони мақомоти иҷроия гурӯҳи корӣ ташкил гардидааст. Аъзои гурӯҳи мазкур ин туҳфаро аз номи Сарвари давлат ба ҳар оилаи ноҳия мерасонанд.
Мақсади асосии чунин иқдом шиносоӣ бо гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси худшиносии насли имрӯзу фардои миллат мебошад. Дар ҳақиқат мутолиаи шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров- китоби «Тоҷикон» барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ муҳим арзёбӣ гардида, ин иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоистаи таҳсину ситоиши ҳамагон аст.








Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд






