Таҳти раёсати Давлаталӣ Саид ҷаласаи Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ баргузор гардид

Январь 25, 2021 08:58

ДУШАНБЕ, 25.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон — Раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид 23 январ ҷаласаи навбатии Шӯрои мазкур  бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҳисоботи котиби масъули Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ — муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо вобаста ба иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои пештараи Шӯрои нозирон ва роҳбарони МОИ-и «Суғд», «Данғара», «Панҷ», «Ишкошим» ва «Кӯлоб» шунида шуд.

Муовини якуми Сарвазир Давлаталӣ Саид таъкид кард, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсади асосӣ аз таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ- ин зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда мебошад.

Раиси Шӯрои нозирон камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаи ҳар минтақаи озоди иқтисодиро зикр намуда, ба роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодӣ вобаста ба бартараф намудани норасоиҳо, тақвият додани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ҷалби сармоя, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунӣ ва содирот намудани онҳо ба хориҷи мамлакат супоришҳои қатъӣ доданд.

Аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои Шӯрои нозирон бо санади дахлдор қабул гардиданд.

Январь 25, 2021 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд