Такмили ихтисос: Дар Хоруғ омӯзгорон усулҳои муосири таълимро меомӯзанд

Январь 11, 2021 14:49

 ХОРУҒ, 11.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Филиали Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо барномаи «Шукуфаҳои Тоҷикистон»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷонишинони директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, роҳбарони иттиҳодияҳои методии  вилоят ба муддати як ҳафта давраи бозомӯзӣ ба роҳ монд.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, дар ин давраи бозомӯзӣ омӯзгорон оид ба усулҳои муосири таълим, бештар истифода бурдан аз асбоби ашёи таълимӣ, таҳлилу баррасии дарсҳо бо мисолҳои мушаххас ва роҳҳои рушди тафаккури интиқодии хонандагон маълумоти мукаммал пайдо намуданд.

Раҳбари бахши идоракунии соҳаи маорифи Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилоят Эраҷ Ҷонмирзоев гуфт, ки “яке аз ҳадафҳои асосии ислоҳот дар соҳаи маорифи мамлакат,  қабл аз ҳама, баланд бардоштани сифати таълиму таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аст. Барои дар амал татбиқ кардани ин ҳадаф зарур аст, ки бо роҳҳои мухталиф дониш ва маҳорату салоҳиятнокии касбии худи омӯзгорон такмил дода шавад. Яке аз чунин роҳҳои муассир- ин баргузор кардани конфронсу семинарҳо, омӯзиши таҷрибаи пешқадами педагогӣ, ширкат дар кори иттиҳодияҳои методӣ ва курсҳои бозомузӣ мебошад. Пешвои миллат низ дар яке аз суханрониҳои худ таъкид доштанд, ки  «агар  омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем». Аз ин рӯ мутахассисони донишкадаи мазкур бояд ба омӯзгорон баҳри такмили маҳорату истеъдодашон шароити мусоид фароҳам оваранд”.

Раҳбари бахши идоракунии соҳаи маорифи Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи вилоят изҳор дошт, ки “яке аз шаклҳои фаъоли такмили маҳорати касбии омӯзгорон- ин таҳким ва такмили усули роҳбаладӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аст. Роҳбалад кист? Агар онро бо як ҷумла хулоса кунем, роҳбалад- ин омӯзгори босалоҳиятест, ки ба дигар омӯзгорон дар самти рушди маҳорату истеъдод кумак мерасонад ва ё онҳоро дар ин ҷода роҳнамоӣ мекунад”.

Ҳамаи ширкаткунандагони семинар дар баробари касби омӯзгорӣ, ҳамчунин вазифаи роҳбарии иттиҳодияҳои методиро бар дӯш доранд ва дар тарбияи омӯзгорони ҷавон низ саҳм мегузоранд.

Яке ширкаткунандагони ин давраи омӯзишӣ- омӯзгори муассисаи таълимии №15 ноҳияи Ванҷ Шоҳқосим Шоев гуфт, ки “чунин семинарҳо барои аз худ намудани усулҳои нави таълим такони ҷиддӣ мебахшанд. Бедор кардани шавқу ҳаваси хонандагон нисбат ба фанҳои таълимӣ усулест, ки хонанда самти фаъолияташро мустақилона  муайян мекунад, суолҳоеро, ки аз мавзӯи нав ба назараш ҷолиб менамоянд, худаш тартиб медиҳад ва ҷавобҳоро низ худаш пайдо мекунад. Яке аз вазифаҳои аслии омӯзгор ба зиндагии мустақилона омода намудани шогирдон аст”.

Он чиро ки омӯзгорон тайи ҳафтаи охир дар семинар ёд гирифтанд, баъди бозгашт ба муассисаҳои таълимӣ ба ҳамкасбони худ меомӯзонанд.

Январь 11, 2021 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат