Вазорати сохтмони Россия механизми вуруди муҳоҷирон аз Тоҷикистон, дигар кишварҳои ИДМ ва Туркияро таҳия намуд

Январь 23, 2021 13:49

ДУШАНБЕ, 23.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Механизми вуруди муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркия барои кор дар сохтмонҳои Россия муқаррар шуда, он ба таври «дастӣ»*  идора карда ммешавад. Тибқи иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС, дирӯз, 22 январ Вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Россия Ирек Файзуллин (ДАР АКС) дар мулоқот бо ҷомеаи тиҷоратӣ дар Палатаи савдо ва саноати кишвараш дар ин бора хабар дод.

«Комиссия барои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркия таъсис дода шудааст. Мо ин тартибро (воридоти қувваи кории хориҷӣ ба Россия — тавзеҳи  АМИТ “Ховар”) тавассути идоракунии дастӣ роҳандозӣ намудем», — гуфт Файзуллин.

Ёдовар мешавем, қаблан Президенти Россия Владимир Путин ба Ҳукумати ин кишвар дастур дода буд, ки ҷалби муҳоҷирони меҳнатиро ба сохтмонҳо то 1 марти соли 2021 бо риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ ба роҳ монад.

                                     АКС аз сомонаи cnis.ru

 _______________________________________________

*Идоракунии дастӣ – усули идоракуниест, ки шахси ҳуқуқӣ ва воқеии аз он истифодабаранда тамоми масъулияти иҷрои кореро ба зиммаи худ мегирад ва нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии дигар ба таври алоҳида (инфиродӣ) кор мебарад – тавзеҳи АМИТ «Ховар».

Январь 23, 2021 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд