9 феврал Вазорати кишоварзӣ, «Амонатбонк», Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 9 феврал Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» оид ба ҷамъбасти соли 2020 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
БДА «Амонатбонк» нишасти матбуотиро соати 09:00 дар бонки мазкур баргузор менамояд.
Нишасти матбуотии Иттифоқи «Тоҷикматлубот» соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Иттифоқи «Тоҷикматлубот баргузор шуда, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ соати 11:00 дар агентии мазкур нишасти матбуотӣ доир менамояд.
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа соати 14:00 дар Агентии мазкур ва Вазорати кишоварзӣ соати 15:00 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-52-24, 888-08-34-04 мувофиқа менамоянд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд






