Дар Хуҷанд Маркази микроҷарроҳии лазерии чашми беназир дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид

Февраль 4, 2021 10:01

ДУШАНБЕ, 04.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода Маркази микроҷарроҳии лазерии чашми «Босира» ифтитоҳ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Маркази микроҷарроҳии лазерии чашми «Босира» бо иқдоми ватандўстонаи соҳибкори маҳаллӣ Саидҷаъфар Холматов бо харҷи беш аз 400 000 доллари амрикорӣ бо харидории беш аз 20 таҷҳизоти муосири тиббӣ ташкил карда шудааст.

Маркази мазкур дорои якчанд утоқи хизматрасонӣ, аз ҷумла ду ҳуҷраи амалиёт ва ташхисгоҳи муосир мебошад. Бо баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин марказ 15 нафар шаҳрвандон, ки аксарият ҷавонон мебошанд, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд таъмин карда шуданд. Технологияи муосири марказ асосан аз кишварҳои Аврупо ворид гардида, табибони соҳаи ҷарроҳии чашм таҷрибаи истифодаи онро дар хориҷа омўхтаанд.

Таъкид шуд, ки бархе таҷҳизоти воридшуда, назираш дар Тоҷикистон ва минтақа нест.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иқдоми шоёни соҳибкори маҳаллӣ Саидҷаъфар Холматовро намунаи олӣ барои пайравӣ барои дигар соҳибкорон унвон намуда, таъкид дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раҳнамоиҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аҳамияти хосса медиҳад.  Раванди афзоиши беморхонаҳои хусусӣ, воридсозии техникаю таҷҳизоти навтарини соҳа, аз қабили компютерҳои томографӣ ва магнитию резонансӣ, лазерҳои гуногунҷабҳа, таҷҳизоти муосири озмоишгоҳӣ ва болоравии сифати корҳои ташхису табобат дар онҳо низ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ шаҳодат медиҳад.

АКСҲО аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Февраль 4, 2021 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад