Дар Ишкошим оқибати офатҳои табиӣ бартараф ва роҳҳо тоза карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 23 феврал новобаста аз корҳои анҷомёфта аз сабаби дар кӯҳдоманҳо зиёд будани барф роҳи мошингарди самти Ишкошим – Хоруғ дар километри 43 – мавзеи «Ирғазор» дубора банд гардид. Кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ишкошим бо ҷалби техникаҳои роҳсозӣ оқибати офатҳои табииро дар ин мавзеъ бартараф намуда, рафту омади ронандагону мусофиронро таъмин намуданд, аммо ҳанӯз ҳам дар мавзеъҳои осебпазири ҳудуди ноҳия эҳтимоли фаромадани тарма вуҷуд дорад. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар натиҷаи бориши аз ҳад зиёди барф 21 феврал, соати 12:15, роҳи мошингарди масири Ишкошим-Хоруғ дар километрҳои 31,32, 34 ва 42-и мавзеи «Ирғазор» -и Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров ва соати 15:00 дар километрҳои 51,52, 53 – и мавзеҳои «Буҷур» – и ҳамин ҷамоат ва «Колуке»-и Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ бо сабаби тармафароӣ банд гардида, ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт муваққатан аз шаҳри Хоруғ ба ноҳияи Ишкошим ва аз ноҳияи Ишкошим ба шаҳри Хоруғу Душанбе қатъ гардид.
Бо кӯшишу талошҳои кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ишкошим бо истифода аз техникаҳои махсус 22 феврал, аз соати 10:34 то 13:00 километрҳои 41,42,43,46, 31,32,34 ва соати 18:50 километрҳои 51,52,53 пурра аз тарма тоза ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт барқарор карда шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим аз сокинони ноҳия, бахусус ронандагону мусофирон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки муваққатан бе зарурат аз сафар худдорӣ намоянд.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи мамлакат, зарфи як шабонарӯзи гузашта дар роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим 16 ҳодисаи лағзиши тарма ва дар қаламрави деҳаи Риҷисти ҷамоати Қурбоншоҳ Гадоеви ноҳияи Роштқалъа резиши санг ба қайд гирифта шуд. Сангрезиши Роштқалъа як хонаи истиқоматиро қисман вайрон кард. Дар айни замон роҳи Хоруғ-Ишкошим баста аст. Барои тоза кардани барфтӯдаҳо хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон техникаи махсус ҷудо кардааст, то пайомадҳои ин офат бартараф карда шаванд. Ҳоло корҳои поксозии роҳ ба шиддат идома доранд. Офати табиӣ талафоти ҷонӣ надошт.
Ҳамзамон Кумитаи мазкур бо сабаби бад шудани вазъи ҳаво аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки дар чунин рӯзҳо аз чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, сафар ба маҳалҳои кӯҳӣ, сайругашт дар минтақаҳои тармахезу сангрез худдорӣ кунанд ва хеле эҳтиёткор бошанд.
Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми тарҳрезии сафарҳои худ аввал дар бораи вазъи роҳҳо иттилоъ пайдо ва ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ фосилаи байни мошинҳоро риоя намоянд.








Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад






