Дар МОИ «Кӯлоб» бинои маъмурӣ ва дидбонгоҳи гумрукӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон сохтмони бинои маъмурии Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва дидбонгоҳи гумрукии он оғоз мегардад, ки метавонад ба рушди инфрасохтори минтақаи мазкур заминаи устувор гузорад.
Ин дар ҳолест, ки Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шинос шудан бо ҷараёни корҳои сохтмонию ободкорӣ аз Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» боздид намуда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуд.
Зикр шуд, ки корҳои сохтмони марҳилаи аввали панҷарабандии ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» дар доираи лоиҳаи тасдиқгардида ва талаботи муқарраргардида бо тӯли 800 метр анҷом ёфта, дарозии умумии панҷарабандии атрофи он 9,3 км – ро ташкил дода, марҳила ба марҳила пурра панҷарабандӣ мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонии нахустин субъект — ҶДММ «Тоҷик Алмос» оид ба бунёди корхонаи истеҳсоли ҳавотозакунакҳои равғанӣ ва ҳавоӣ оғоз гардида, бо маром идома доранд.









Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд






