ДАР РОБИТА БА ПАНДЕМИЯИ COVID-19. Бо дастури Президенти Тоҷикистон дар сохтори Донишгоҳи тиббӣ тағйирот ворид карда шуд

Февраль 9, 2021 11:00

ДУШАНБЕ, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар сохтори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино тағйирот ворид карда шуд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ректори ДДТТ Маҳмадшоҳ Гулзода зимни нишасти хабарии ҳисоботӣ дар Душанбе дар ин маврид изҳори назар кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, мутобиқи дастурҳои Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо хуруҷи пандемияи коронавирус ва паҳн шудани дигар бемориҳои сироятӣ дар сохтори донишгоҳ баъзе тағйирот ворид карда шуд.

«Факултаи тандурустии ҷамъиятӣ ба факултаи тибби пешгирикунанда табдил дода шуд», — гуфт роҳбари ДДТТ. — Ғайр аз ин, бори аввал дар донишгоҳ таҷрибаомӯзӣ аз рӯи ихтисосҳои нав ташкил карда шуд. Ба шаклҳои мавҷудаи коромӯзӣ «Вирусология», «Микробиология» ва «Эпидемиология» илова шуданд.

Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон инчунин гуфт, ки биноҳои факултаи химия ва маркази стоматологии донишгоҳ аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Дар мавриди бинои нави муассисаи таълимӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои худӣ сохта мешавад, зикр кард, ки он дар арафаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.

АКС аз бойгонӣ

Февраль 9, 2021 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд