Дар Суғд дар майдони 650 гектар кишти картошкаи барвақтӣ гузаронида шудааст

Февраль 18, 2021 09:54

ДУШАНБЕ, 18.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба иқлими минтақаҳо то 16 феврал дар хоҷагиҳои истеҳсолии 11 шаҳру ноҳияҳои миқёси вилояти Суғд дар майдони 650 га кишти картошкаи барвақтӣ гузаронида шудааст, ки ин нишондиҳанда ба 36,4 дарсади нақшаи дурнамо баробар мебошад.

Тавре масъулини идораи Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, чанд ҳафта инҷониб деҳқонони вилоят кишти картошкаи барвақтиро оғоз намудаанд.

Имсол кишоварзони вилояти Суғд тибқи нақшаи дурнамо дар майдони 1786 гектар кишти картошкаи барвақтӣ ба роҳ монда, ният доранд ба ин восита дар фаровон гардонидани бозори дохилии кишоварзӣ ва арзон намудани нархи аслии ин маҳсулот  саҳми назаррас гузоранд.

Корҳо дар ин самт бештар дар ноҳияҳои Б.Ғафуров, Спитамен, Ҷ.Расулов хубтар ба роҳ монда шудаанд.

Дар маҷмӯъмайдони бештари кишти картошкаи барвақтиро дар вилоят ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров (480 га), Ҷаббор Расулов (300 га), Зафаробод ва Мастчоҳ (250 га), Спитамен, Конибодом ва Панҷакент (қариб 200 га) ташкил дода,  то 16 феврал дар ноҳияи Б.Ғафуров — 47,4 фоизи кишт, Спитамен – 49%, Ҷ.Расулов – 23%, Конибодом – 38,3%, Зафаробод – 22%, Панҷакент – 37,8%, Мастчоҳ – 18 фоизи корҳои кишт ба анҷом расонида шудаанд.

Февраль 18, 2021 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид