Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба шарҳи ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Пешвои миллат ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 04.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 3 феврал дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба шарҳи ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 26 январи соли 2021 ҳамоиш баргузор гардид. Дар он роҳбарони вазорат, раиси Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Машраб Файзуллозода, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва Маркази миллии патенту иттилоот ширкат варзиданд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат раҳнамои самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар барои давраҳои оянда буда, дар он оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуданд.
Тавре Пешвои миллат ҳангоми ироаи Паём зикр намуданд, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз солҳои вазнин буд ва дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардид.
Ҳамин тариқ иқтисодиёти кишвар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 млрд. сомонӣ баробар шуд. Барои таъмини рушди иқтисодиёт афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 9,7 фоиз, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот 19,8 фоиз мусоидат намуд. Бахусус истеҳсоли маҳсулоти озуқа нисбат ба соли 2019-ум 28,3 фоиз афзоиш ёфт, ки ба беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ заминаи мусоид гузошт.
Зикр гардид, ки дар Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва ҳифзи манфиати иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ вазифагузорӣ карда шудааст. Вобаста ба ин дар вазорат нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, кормандони вазорат бо масъулияти баланд иҷрои сифатнок ва саривақтии онро таъмин менамоянд.
Дар ҷамъомад роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии вазорат дар самтҳои макроиқтисодӣ, савдо ва соҳаҳои иҷтимоӣ вобаста ба аҳамият ва нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ибрози андеша намуданд.








Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд






