Дороиҳо ва сармояи «Амонатбонк» афзоиш ёфта, пардохтпазирияш дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шудааст
ДУШАНБЕ, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста ба мушкилоти соли 2020 пардохтпазирии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, маблағҳо сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида шуданд. Ҳамзамон дороиҳо ва сармояи «Амонатбонк» афзоиш ёфтааст. Дар ин хусус Раиси бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷидиин Икромӣ имрӯз ба намояндагони расонаҳои хабарӣ дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Сироҷиддин Икромӣ афзуд, ки то 31 декабри соли 2020 дороиҳои «Амонатбонк» 4,9 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳои бонк 4,5 миллиард сомониро ташкил доданд, ки дар қиёс ба соли 2019 мутаносибан 19,4 % ва 20,9 % зиёд мебошад.
Инчунин соли гузашта сармояи «Амонатбонк» 6,8 фоиз афзоиш ёфта, ба 458 миллион сомонӣ баробар шудааст. Даромади софи бонк дар ин давра 51,3 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2019 22 фоиз зиёд аст. Раиси «Амонатбонк» гуфт, ки бонк аз рӯи фаъолияти худ ба андозаи 96,3 миллион сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлатӣ пардохт намудааст, ки дар қиёс нисбат ба соли 2019 15, 7 миллион сомонӣ ва ё 19,5 фоиз зиёд мебошад.
Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти «Амонатбонк» роҳбари бонк таъкид кард, ки ҳоло Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба зиёда аз 22 ҳазор корхонаю ташкилот, беш аз 750 ҳазор нафар нафақагирони мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва беш аз 1,7 миллион нафар пасандозгузорон тавассути 75 филиал ва 546 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо теъдоди қариб 3000 нафар кормандон дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон хизмат мерасонад.








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






