Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз чанд иншоот дидан намуд
ДУШАНБЕ, 04.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода 3 феврал зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз чанд иншооти соҳавӣ, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд мегарданд, дидан намуд.
Ба иттилои шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, гурӯҳи корӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар шаҳраки Балх ва иншооти таъйиноташон гуногун, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷараён дорад, дидан намуд.
Корҳои сохтмонӣ дар шаҳраки Балх, ки масоҳаташ беш аз 26 гектарро ташкил медиҳад, хуб идома доранд. Дар шаҳраки мазкур муассисаҳои таълимӣ, биноҳои истиқоматӣ, майдончаҳои варзишӣ ва дигар иморатҳо сохта мешаванд.
Тибқи лоиҳаи шаҳрак, дар ин мавзеъ муҷассамаи Ҷалолиддини Балхӣ ва осорхонаи Мавлоно ҷойгир карда шуда, дар атрофи он гулгашт барои фароғати сокинону сайёҳон бунёд мегардад.
Аъзои гурӯҳи корӣ дар ҷараёни сафар аз раванди сохтмони бинои идораи матбаа ва рӯзномаи «Навиди Балх» боздид намуданд.
Иншооти мазкур чорошёна буда, пудратчиаш ҶДММ «Абдурасул»мебошад, ки бо маблағи беш аз 6 миллион сомонӣ бунёд шуда истодааст. Дар иншооти мазкур китобхона, осорхона, матбаа ва рӯзномаи «Навиди Балх» ҷой дода мешаванд.










Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад






