Мавлуда Қаландарзода: Ду лоиҳаи қонунҳо оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Тоҷикистон мавриди амал қарор доранд

Февраль 10, 2021 14:25

ДУШАНБЕ, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мавлуда Қаландарзода ба хабарнигорон иброз дошт, ки бобати иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои Барномаи ислоҳоти  судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 бо мақсади танзими баъзе масъалаҳои мурофиавӣ, ба монанди такмил додани тартиби даъвати шахсони иштироккунандаи парванда, баррасии парвандаҳо дар суди марҳилаҳои болоӣ, пешгирии кашолёбии баррасии парвандаҳои иқтисодӣ ду лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии  Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва ба мақомоти дахлдор ирсол гардид. Айни замон лоиҳаҳои қонунҳои мазкур қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.

Мавлуда Қаландарзода иброз намуд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити китобхонӣ  дар Суди олии иқтисодӣ бо теъдоди беш аз 2 ҳазор китоб, аз ҷумла асарҳои Пешвои миллат, олимону шоирон ва нависандагони ватаниву ҷаҳонӣ китобхонаи идоравӣ таъсис  дода шуд.

Ҳамчунин доир ба танзими масъалаҳои ба тобеияти судҳои иқтисодӣ мансуб донистани баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, дигар масъалаҳои мурофиаи иқтисодӣ лоиҳаҳои Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор барои  баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

Мавсуф доир ба баланд бардоштани донишҳои назариявию амалии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ сухан карда, изҳор дошт, ки барои мусоидат ба беҳтар гардидани сифати баррасии парвандаҳо, ҷорӣ намудани татбиқи дурусти меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ва мурофиавӣ охири ҳар моҳ машғулияти амалӣ доир ба мавзӯъҳои қобили таваҷҷуҳ баргузор мегардад.

Ҳамзамон сабабҳои тағйирёбӣ ва бекоршавии санадҳои судӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифта, диққати судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо ба риояи қатъии қонунгузорӣ, пешгирии содиршавии омилҳои коррупсионӣ, риояи сифату муҳлати баррасии парвандаҳо ҷалб карда мешавад.

Февраль 10, 2021 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад