Миёни Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ Созишнома ба имзо расид

Февраль 4, 2021 10:04

ДУШАНБЕ, 04.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон Созишнома оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ ба имзо расид. Ин санадро Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хуршед Каримзода ва Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар имзо намуданд,- хабар медиҳад мақомоти гумруки Тоҷикистон.

Созишнома шароит фароҳам меорад, то мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Покистон имкони мубодилаи бевоситаи маълумотро миёни якдигар баҳри фаъолияти самаранок оид ба пешгирии вайронкунии қонунгузории гумрукӣ, гардиши ғайриқонунии мол, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ки ба саломатии инсон ва ба иқтисодиёти кишварҳо хатари ҷиддӣ доранд, дошта бошанд.

Дар маросими имзои Созишнома Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода зикр кард, ки  муносибатҳои бисёрҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ дар  доираи Созмони ҳамкории итисодӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони ҷаҳонии гумрук ба роҳ монда шудаанд. Зикр шуд, ки  мақомоти гумруки Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими ҳамкории гумрукӣ аз тамоми захираву имконоти мавҷуда истифода намуда, барои густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва  Покистон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ менамояд.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар изҳор дошт, ки ҷониби Покистон омода аст, дар рушди ҳамкории мутақобилан судманд саҳм гузорад.

Созишномаи мазкур, ки аввалин санади меъёрии ҳуқуқии дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ мебошад, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020 маъқул дониста шуда, лоиҳаи он  давоми солҳои 2019 – 2020 таҳия гардид. Вале бо сабаби домангир шудани вируси сироятии COVID-19 дар ақсои олам имзо шудани он миёни ҷонибҳо ба таъхир афтода буд.

Февраль 4, 2021 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд