ОЁ МЕТАВОН ЗИЁНЕРО, КИ АЗ БАРФ МЕРАСАД, ПЕШГИРӢ КАРД? Коршиносони масоили кишоварзӣ ва экологӣ мавзӯъро шарҳ медиҳанд

Февраль 25, 2021 11:55

ДУШАНБЕ, 25.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан  иттилоъ додем,  имрӯз дар Тоҷикистон вазъи ҳаво номусоид гардида, борон ба барф мубаддал гардид. Паст шудани ҳарорати ҳаво дар мамлакат барои кишоварзон номусоид арзёбӣ мешавад. Бо сабаби якбора пастшавии ҳарорати ҳаво дар бештари ноҳияҳои водигию доманакӯҳии мамлакат эҳтимоли зиён дидани зироати хоҷагии қишлоқ, гулҳои ороишӣ ва дарахтони мевадиҳанда дар назар аст.

Директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров  дар сӯхбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки боридани барф дар ин давра ба нашъу намои кишти зироат ва авҷи боғу токзор  бетаъсир намемонад.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, дар оғози моҳи феврал ҳарорати ҳаво баланд гардида, боиси гулкунии дарахтони донакдор ва гулу буттаҳо гардид. Аз ин рӯ ба ин дарахтон хатари камшавии ҳосил таҳдид мекунад. Аммо агар ҳавои номусоид ду ё се рӯз идома ёбад, онгоҳ зиёни бештар боқӣ намемонад.

Оё метавон зиёнеро, ки  дар натиҷаи боридани барф мерасад, пешгирӣ кард?  Бо ин савол  Ҳикматулло Назиров чунин посух дод:

«Кишоварзон бояд ҷаҳду талош намоянд, то маҳсулоти беҳтар ба даст оранд. Ҳамчунин дар ин шабу рӯз, махсусан қисми шабона бояд дар майдони дарахтон бо маҳсулоти органикӣ, аз қабили хасу хошок, навдаи дарахтон дудмониро ба роҳ монанд. Дудмонӣ дар қисми шабона ба он хотир тавсия мегардад, ки шабона ҳарорат назар ба рӯзона пасттар мешавад. Ҳамчунин баъд аз бартараф гардидани ҳавои номусоид навдаҳои сармозадаи боғу токзорро буридан лозим аст. Дар ин ҳолат барои инкишофи минбаъдаи навдаи наврӯида замина пайдо мегардад. Инчунин гирди решаи дарахт ва токи ангурро дар рӯзҳои офтобӣ бояд чанд маротиба нарм намоянд, то намии реша кам гардад. Дар баробари  нарм намудан аз нуриҳои минералӣ, ки барои инкишофи дарахту ток тавсия гардидаанд, бояд истифода намуд».

Бино ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар  ин рӯзҳо дар ноҳияҳои водигии вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ дарахтони мевадиҳанда, аз қабили олу, гелос, зардолу ва шафтолу аллакай гул кардаанд. Инчунин дар ноҳияҳои ҷануби вилояти Хатлон- Шаҳритус, Қубодиён ва Носири Хусрав баъзе аз ин дарахтони мевадиҳанда ғӯра бастаанд. Дарахтони тухмакдор, аз қабили себ, нок ва биҳӣ ба сармо тобовар мебошанд ва онҳо аз ин барф  зиён намебинанд.

Ҳикматулло Назиров зикр намуд, ки боридани барф ва паст шудани ҳарорати ҳаво ба зироати картошка, ки дар баъзе ноҳияҳои мамлакат дар давраи гулкунӣ ва инкишоф қарор дорад, зиён мерасонад. Картошка яке аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввали истеъмолӣ ба ҳисоб меравад. Олимони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки дар рӯзҳои офтобӣ қаторҳои кишти картошкаро бояд нарм кард, то намнокии реша кам гардад. Дар сурати зиёд будани намнокӣ картошка метавонад пӯсад. Инчунин дар болои онҳо пору ва коҳ пошидан лозим аст.

Вобаста ба паст шудани ҳарорати ҳаво зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» коршиноси масоили экологӣ  Ҳасан Асоев зикр намуд, ки « дар охири садаи XX ва аввали асри XXI ҳодисаҳои табиие ба вуҷуд меоянд, ки инсоният мунтазири онҳо нест. Инро олимон собит намудаанд. Аз ин рӯ одамон ба ҳама гуна ҳодисаҳои табиӣ бояд мутобиқ ва омода бошанд. Аз ин барфи борида ва сардии он аз ҷумла дарахтоне осеб мебинанд, ки онҳо гул кардаву дар танаи онҳо об дар ҳаракат аст».

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, агар ҳамин ҳавои номусоид ду-се рӯз идома ёбад ва ё зуд гузарад, талафоти бисёр боқӣ намемонад. Ин ҳавои номусоид аз дуриҳои дур меояд ва сардии он то андозае паст мешавад. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки аз ин равандҳои табиӣ огоҳ бошем ва насли наврасро ба ҳодисаҳои табиии глобалӣ омода намоем.

Коршиноси масоили экологӣ чуини меҳисобад, ки  агар дарахтон бештар аз навъҳои маҳаллӣ бошанд, яъне дар ин минтақа инкишоф ёфта, пурра ба муҳити он созгор бошанд, таъсири ҳавои номусоид ба онҳо то андозае камтар мерасад. Аммо навъҳои воридгардида аз ин ҳавои номусоиду сард бештар зиён мебинанд.

«Равандҳои тағйирёбии иқлим пурра омӯхта нашудаанд ва илм ҳам қодир нест, ки якбора маълумоти пурра пешниҳод намояд. Имрӯзҳо дар тамоми давлатҳо озмоишҳо ҷараён доранд, то равандҳои тағйирёбии  иқлим пурра омӯхта шаванд. Яъне вазифи асосии илм сари вақт огоҳонидан ва омода намудани инсоният  аз равандҳои тағйирёбии иқлим мебошад»,- гуфт Ҳасан Асоев.

Ба гуфти Ҳикматулло Назиров, бориши ин барф барои заминҳои лалмӣ ва ғалладонагӣ фоида  дорад. Зеро намӣ зиёд шуда, дар натиҷа ба замин  миқдори зиёди нитроген ворид мегардад, ки ин ба инкишофи онҳо созгор мебошад.

 

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Февраль 25, 2021 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид