Озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти нафтии «Тоҷикстандарт» 626 104,8 тонна маҳсулотро аз ташхис гузарониданд

Февраль 9, 2021 08:47

ДУШАНБЕ, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Агентии  стандартизатсия,  метрология,  сертификатсия ва  нозироти савдои  назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ошкор гардидани 888 тонна маҳсулоти cӯзишвории ғайристандартӣ дар соли 2020 хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки ин миқдор маҳсулоти сӯзишворӣ аз рӯи нишондоди адади октанӣ, миқдори сулфур  ва таркиби фраксионӣ ғайристандартӣ дониста шуда, фурӯшандагонашон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Муовини аввали директори Агентии «Тоҷикстандарт» Диловар Пирназарзода 8 феврал дар нишасти хабарӣ дар Душанбе ба намояндагони  воситаҳои ахбори омма гуфт, ки ин миқдор сӯзишвории ғайристандартӣ зимни санҷиш аз нуқтаҳои фурӯши ғайрирасмӣ, ки дар самти роҳҳои шаҳру ноҳияҳои  Ҳисор, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Варзоб воқеанд, дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марбута  ошкор гардид.  Ҳамзамон аз сӯи нозирони Агентии «Тоҷикстандарт» дар миқёси ҷумҳурӣ соли гузашта 12 ҳазору 827 литр бензин ва 28 ҳазору 300 литр сӯзишвории дизелии ба талабот ҷавобгӯ набуда ошкор карда шудааст.

Ин дар ҳолест, ки  озмоишгоҳҳои  ташхиси маҳсулоти  нафтии Агентии «Тоҷикстандарт»  бо мақсади таъмини   сифат ва бехатарии  маводи сӯзишворӣ дар соли 2020  дар 4141 ҳолат  626 104,8 тонна  маҳсулотро аз ташхис  гузарониданд. Инчунин бо мақсади  муайян намудани  сифат ва ҳолати  фурӯши маҳсулоти  нафтӣ дар бозори  дохилӣ санҷишҳо  гузаронида шуда,  аз нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти  нафтӣ 2404 намуна ба миқдори  41 688,2 тона маҳсулот  ба озмоишгоҳҳо барои ташхис пешниҳод гардидаанд.

Февраль 9, 2021 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид