Соли 2020 новобаста аз таъсири пандемия рушди бонизоми иқтисодиёти вилоят таъмин гардид,-бардошт аз нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд

Февраль 17, 2021 09:56

ДУШАНБЕ, 17.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Новобаста аз паҳншавӣ ва таъсири манфии пандемияи коронавируси КОВИД-19 ба иқтисодиёти вилоят дар натиҷаи корбарии дуруст ва андешидани тадбирҳои саривақтӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рушди бонизоми иқтисодиёти вилоят таъмин гардид.

Ин нукта зимни нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки 16 феврал дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, баён гардид.

Зикр шуд, ки соли гузашта барои мубориза бар зидди коронавирус ғайр аз маблағҳои аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят — 24 миллион сомонӣ, Ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат  20 миллион сомонӣ ҷудогардида, инчунин  дар маркази вилоят Фонди махсуси хайриявӣ низ таъсис ёфта буд, ки дар  хазинаи он зиёда аз 2 миллион сомонӣ  маблағ ҷамъоварӣ гардид. Ин маблағ асосан барои дастгирии муассисаҳои тиббии вилоят, хариди таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ ва дорувориҳои зарурӣ барои табобати беморони пневмония ва коронавирус равона гардид.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ “Ховар” Абдуаҳад Дадобоев, раиси вилоят ҳамзамон доир ба нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи вилоят дар соли 2020 гуфт, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 15,4 миллиард сомонӣ баробар гашта, маҷмўи маҳсулоти минтақавӣ ба 21,6 миллиард сомонӣ ва ҳиссаи вилояти Суғд дар ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 26,2 фоизро ташкил намуд.

Ҳамзамон илова гардид, ки дар соҳаи кишоварзӣ низ натиҷагириҳо мусбат буда, соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 10 миллиарду 821,0 миллион сомонӣ ё баробари 110,5 фоиз таъмин гардида, аз ҷумла,  ба маблағи 14,8 миллион доллари амрикоӣ 95 783 тонна маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат содирот гардид. Дар маҷмӯъ, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят соли 2020 ба 1 миллиарду 667,6 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид.

Дар интиҳои нишаст Р.Аҳмадзода зикр дошт, ки “ имрӯзҳо баҳри истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд корҳои бунёду навсозӣ ва таъмиру тармим бо суръат идома дошта, тибқи нақша дар вилоят аз 7190 иншооти ҷашнии пешбинӣ гардида то ин давра 5990 иншоот, аз ҷумла, соли 2020 — 1972 иншоот ба истифода дода шуданд, ки ин ба 83,3 фоизи нақшаи умумӣ баробар аст. Аз ҷумла, аз 300 корхонаи саноатии бо 9000 ҷойи нави кории ба нақша гирифташуда танҳо соли 2020 дар миқёси вилоят 107 корхонаи нав бо 1570 ҷойи кор мавриди истифода қарор гирифтанд”.

Февраль 17, 2021 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид