Тоҷикистон барои омӯзиши пиряхҳо беш аз чоряк миллион сомонӣ ҷудо кард

Февраль 3, 2021 10:57

ДУШАНБЕ, 03.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030 маҷмӯан 25 миллиону 367 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Дар ин бора дирӯз раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода зимни нишасти матбуотӣ  дар Душанбе изҳор дошт.

Вай зикр намуд, ки дар доираи ин барнома соли 2014 Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис ёфт, ки айни замон пурра фаъолият мекунад. Мутахассисони марказ якчанд чорабиниҳоро, аз ҷумла омӯзиши пиряхи Федченко ва дигар пиряхҳои калонтарини кишварро ба нақша гирифтаанд.

Ба гуфтаи Шерализода, Тоҷикистон соли гузашта ба Системаи Муттаҳидаи Мониторинги Пиряхҳо шомил шуд. Дар айни замон муҳосибаи дақиқи пиряхҳо сурат мегирад ва ҳолати онҳо омӯхта мешавад. Солҳои 2019 ва 2020 бо ин мақсад зиёда аз 20 экспедитсия ташкил карда шуд.

Пештар хабар дода будем, ки Бонки Осиёии Рушд (БОР) барои татбиқи лоиҳаи омӯзиши пиряхҳо ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 10 миллион доллар грант ҷудо мекунад. Гранти мазкур дар доираи татбиқи лоиҳаи миллӣ оид ба мудирияти хатари офатҳои табиӣ ҷудо карда мешавад.

Ҳамин ки пиряхҳо дар ҷумҳурӣ муҳосиба ва ҳолати онҳо омӯхта шуд, Маркази илмии пиряхҳои Академияи миллии Тоҷикистон 12 ҷилд феҳрасти пиряхҳои Тоҷикистонро нашр мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030 барои мониторинг ва омӯзиши доимии пиряхҳо дар Тоҷикистон таҳия шудааст. Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор пиряхҳо мавҷуданд, ки тақрибан 8% масоҳати умумии кишварро ишғол мекунанд. Дар онҳо тақрибан 550 метри мукааб оби ошомиданӣ ҷамъ шудааст ва онҳо маҷрои тақрибан нисфи дарёҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Тоҷикистон маркази бузургтарини яхбандии муосир дар Осиёи Марказӣ буда, пиряхҳои воқеъ дар қаламрави он на танҳо махзанҳои об, балки танзимкунандаи маҷрои дарёҳо ва иқлим низ мебошанд.

Тибқи маълумоти охирин, аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд, дар тӯли 30 соли охир беш аз 1000 пирях нобуд шудаанд.

АКС аз сомонаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 3, 2021 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Саноатсодиротбонк» Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил намуданд
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона баргузор гардид
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар Вена оид ба таъсиси низоми «Равзанаи ягона» барои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон санади грантӣ ба имзо расид
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе кӯшиши ворид намудани рақами қалбакии давлатии воситаи нақлиёт ошкор гардид
Намояндагони Хадамоти обуҳавошиносии Корея бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон шинос шуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Раёсати Шурои соҳибкории СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Форуми сармоягузории СҲШ имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон дар муколамаи панелии Форуми OPEC дар Вена муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Зафарабод беш аз 6 ҳазор гектар ғалладонагӣ кишт карда шудааст
Дар ноҳияи Зафаробод агрегати нави пойгоҳи обкашӣ васлу насб карда шуд
Дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар Вена баррасӣ гардид