Тоҷикистон воридоти маҳсулоти гӯштиро 3 маротиба коҳиш дод
ДУШАНБЕ, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар се соли охир воридоти маҳсулоти гӯштиро 3 маротиба коҳиш дод, хабар медиҳад оҷонсии «Авеста». Ба қавли намояндаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Тоҷикистон «Тоҷикстандарт» Раҳмоншо Давлатзода, соли 2017 ба мамлакат 45 ҳазор тонна маҳсулоти гӯштӣ ворид шуда буд. Ин нишондиҳанда дар соли 2020 то 14,5 ҳазор тонна коҳиш ёфт.
Пештар хабар дода шуда буд, ки афзоиши истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ воридоти гӯштро ба Тоҷикистон коҳиш додааст. Рушди соҳаҳои чорвопарварӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ ба коҳиши қобили мулоҳизаи воридоти маҳсулоти гӯштӣ дар шаш соли охир мусоидат кард. Воридоти гӯшт ба кишвар аз 10,7 ҳазор тоннаи соли 2014 то 180 тонна дар соли 2020 коҳиш ёфт, яъне қариб 60 маротиба.
Тоҷикистон соли гузашта истеҳсоли маҳсулоти чорводориро афзоиш дод. Соли 2020 афзоиши истеҳсоли гӯшти мурғ, гӯшти чорвои калон ва хурд, шир, тухм ва дигар маҳсулоти аз ҳайвонот таҳия шуда мушоҳида гардид.
Масалан, соли гузашта истеҳсоли гӯшти мурғ тақрибан ду баробар афзоиш ёфт.
Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, дар моҳҳои январ-декабри соли гузашта дар кишвар беш аз 30,6 ҳазор тонна гӯшти мурғ истеҳсол шудааст, ки 1,9 маротиба нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 зиёд аст.
Мутобиқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, истеҳсоли гӯшти чорвои калон ва хурд низ дар ин давра 5,2% афзуд ва зиёда аз 269,5 ҳазор тоннаро ташкил намуд.
Ҳоло арзиши як кило гӯшти гов дар бозор 52-55 сомониро ташкил медиҳад.
АКСИ: Амир Исоев/Sputnik








Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад






