Вазирони саноати Тоҷикистон ва Россия дурнамои кооператсияи саноатиро дар соҳаи мошинсозӣ муҳокима карданд
ДУШАНБЕ, 11.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва вазири саноат ва савдои Федератсияи Россия Денис Мантуров 8 феврал вазъи кунунии ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодиро баррасӣ карданд, хабар медиҳад маркази матбуоти вазорат.
Ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати густариши робитаҳои кооператсионӣ ва афзудани гардиши мутақобилаи молҳо якҷоя кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Илова бар ин, дурнамои кооператсияи саноатиро дар соҳаи мошинсозӣ, аз ҷумла дар ҳудуди Тоҷикистон ташкил намудани истеҳсоли шинаҳоро муҳокима карданд.
Денис Мантуров дар ҷараёни мулоқот Шералӣ Кабир ва ширкатҳои тоҷикиро даъват кард, ки дар «намуди содиротӣ» -и «ИННОПРОМ» — намоишгоҳи саноатии «Ҳафтаи калони саноатӣ», ки аввали моҳи апрел дар Тошканд баргузор мешавад, ширкат варзанд.
АКСИ: ВСТ-и РОССИЯ








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






