Барои китобхонаҳои деҳоти ноҳияи Варзоб китобҳои тозанашр харидорӣ карда мешаванд
ВАРЗОБ, 12.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Варзоб зимни нишасти матбуотӣ ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд ҷиҳати дар 16 китобхонаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Варзоб ниҳоят кам будани китобҳои бачагона ва китобҳои бадеии тозанашр раиси ноҳия Муҳаммадулло Шерализода посух дод, ки «ман ин камбудиро тасдиқ мекунам, ҳарчанд ки соли 2021 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағи хариди китоб пешбинӣ шуда бошад ҳам, лекин дар ҳузури шумо, рӯзноманигорон ба сардори Раёсати молияи ноҳия супориш медиҳам, ки дар баробари маблағҳои пешбинишуда барои хариди китоб дар кӯтоҳтарин муҳлат аз ҳисоби маблағҳои озоди ноҳия дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ барои китобхонаҳои деҳоти ноҳия китобҳои тозанашр харида шаванд».
Раиси ноҳияи Варзоб Муҳаммадулло Шерализода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки сокинону соҳибкорон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Варзоб ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 270 иншоотро ба нақша гирифтаанд, ки то имрӯз 153 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Айни замон сохтмони 58 иншооти дорои аҳамияти гуногун идома дорад.
Дар ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия дар умум 12 муассисаҳои таълимӣ, 4 муассисаи томактабӣ, 15 толори варзишӣ, 10 бунгоҳи тиббӣ, 11 коргоҳи дӯзандагӣ, 2 дорухона ва дигар намуди иншооти хизматрасонӣ бунёд мегарданд. Ҳамзамон сохтмони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия оғоз гардид, ки дар арафаи ҷашни бузурги таърихӣ ба истифода дода мешавад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки соли 2020 дар ноҳияи Варзоб 403 нафар шаҳрвандон бо кори доимӣ таъмин шуда, 75 нафар бекорон ба корҳои ҷамъиятии музднок ва 305 нафар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд. Ба 128 нафар ба маблағи 73 090 сомонӣ кумакпулӣ барои бекорӣ дода шудааст.








Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд






