Дар Бохтар ба як модари ниёзманд манзили истиқоматӣ тақдим намуданд

Март 5, 2021 13:43

ДУШАНБЕ, 05.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  бахшида ба Рӯзи Модар раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба оилаи ниёзманд Ҳалима Дурманова, ки то имрӯз бо ду фарзанд ва ду набераи маъюбаш дар хонаи иҷора мезист, калиди манзили нави истиқоматиро дар шаҳри Бохтар тақдим намуд. Ин хона аз ду ҳуҷра иборат буда, бо шароити муносиби зист таъмин аст.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд, Ҳалима Дурманова ягона таъминкунандаи аҳли оила буда, ба поксозии шаҳр машғул аст.

Раиси вилоят аз номи Сарвари давлат ин модарро ба муносибати Рӯзи модар ва соҳиби манзили зист шуданаш шодбош гуфта, барои аҳли оилаи ӯ тансиҳативу шодмонӣ тамано кард.

Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар ба ин оила ҳамчунин кумаки моддию молиявӣ расонида шуд.

Март 5, 2021 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад