Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон китобхонаи адабиёти бадеӣ таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 15.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода китобхонаи адабиёти бадеӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Китобхонаи мазкур дорои 500 нусха китоб буда, онҳо аз рӯйи номинаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷо ба ҷо гузошта шудаанд. Аз ин хазинаи маърифат -китобхонаи адабиёти бадеӣ устодон, магистрон, докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD), унвонҷӯён ва кормандони донишкада метавонанд ба таври васеъ истифода намоянд.
Тавре аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маросими ифтитоҳи китобхона аҳли илму адаб ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Меҳмонон аз китобхонаи мазкур дидан намуда, иброз доштанд, ки тоҷикон аз азал миллати соҳибкитоб буданд.
«Яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани фарҳанги китобхонӣ, савияи дониш ва ҷаҳонбинии мардум- таъсис додани китобхонаҳои адабиёти бадеӣ мебошад. Имрӯз китобхонаҳо бояд барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ тарбия намудани аҳли ҷомеа нақши муассир бозанд»,- гуфт ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Муҳриддин Низомӣ.








Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад






