Дар Хонаи адибон маҳфили адабӣ бахшида ба 75-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун доир гардид
ДУШАНБЕ, 12.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили адабӣ бахшида ба 75-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Саттор Турсун баргузор гардид. Дар ин бора аз Иттифоқи нависандагон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим зимни суханронии худ китобҳои тозанашри нависандаро, ки дар Тошканд бо забони тоҷикӣ ва дар Душанбе бо забони ӯзбеки чоп шудаанд, муаррифӣ кард.
Саттор Турсун 15-уми феврали соли 1946 дар деҳаи Пасурхи ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар оилаи деҳқон дида ба олам кушодааст.
Соли 1970 бахши арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро (ҳоло ДМТ) хатм кардааст. Фаъолияти кории худро аз маҷаллаи маъруфи “Садои Шарқ” оғоз намуда, муддати бист сол дар вазифаҳои мудири шуъбаи очерк ва публистистика, мудири шуъбаи наср, муовини сардабир, иҷрокунундаи вазифаи сардабири ҳамин маҷалла кор кардааст.
Солҳои 1990-1991 мудири Шуъбаи идеологии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, соли 1993 аввалин роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва ҳарчанд дар ин вазифа зиёд кор накардааст, вале нақшашро дар таъсиси ниҳоди мазкур дар Дастгоҳи иҷроия Сарвари давлат муҳим арзёбӣ мекунанд.
Солҳои 1994-1997 ба ҳайси сардабири маҷаллаи адабии русии “Памир” ва баъдан чанд соли дигар дар вазифаи сардабири нашрияи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон “Баҳори Аҷам” кор кардааст.
Саттор Турсун адибест, ки набзи замонро накӯ эҳсос мекунад, ба воқеаву рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ воқеъбинона ва устокорона баҳо медиҳад. Аввалин ҳикояҳои худро замони донишҷӯияш навиштааст, вале худаш солҳои кор дар “Садои Шарқ”-ро оғози фаъолияти густардаи эҷодии худ медонад. Ва аввалин китобаш ҳам бо номи “Дили гарм” дар дуввумин соли кораш дар “Садои Шарқ” (соли 1971) рӯйи чопро дидааст. Дар як муддати кутоҳ аз ҳикоя ба повесту роман гузашт ва ин навиштаҳо яке паси дигар ба нашр расиданд. Саттор Турсун миёни хонандагонаш бо китобу асарҳояш «Сукути қуллаҳо», “Камони Рустам”(1976),, “Пайванд”, “Ситораи корвонкуш”, “Обдорӣ”, “Зиндагӣ дар домани талҳои сурх”, “Барф ҳам мегузарад”(1983),, “Падар”, “Се рӯзи як баҳор”(1988), «Санг дар бағал ба тӯфон” (2002), “Чорбанди домангир” (2011) “Думбура”, “Пайғамбарзот” ва ғайра маъруф аст.
Повесту роман ва ҳикояҳои нависанда ба беш аз 20 забони халқҳои дунё тарҷумаву нашр шудаанд. Худи ӯ низ дар тарҷумаи асарҳои адибони шинохтае чун Лев Толстой, Ҷек Лондон, Андрей Упит, Грант Матевосян ҳисса гузоштааст.
Дар маҳфили эҷодии нависанда муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор, академик Кароматулло Олимов ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
АКС аз бойгонӣ








РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд






