Дар Хонаи адибон маҳфили адабӣ бахшида ба 75-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун доир гардид

Март 12, 2021 16:11

ДУШАНБЕ, 12.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили адабӣ бахшида ба 75-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Саттор Турсун баргузор гардид. Дар ин бора аз Иттифоқи нависандагон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим зимни суханронии худ китобҳои тозанашри нависандаро, ки дар Тошканд бо забони тоҷикӣ ва дар Душанбе бо забони ӯзбеки чоп шудаанд, муаррифӣ кард.

Саттор Турсун  15-уми феврали соли 1946 дар деҳаи Пасурхи ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар оилаи деҳқон дида ба олам кушодааст.

Соли 1970 бахши арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро (ҳоло ДМТ) хатм кардааст. Фаъолияти кории худро аз маҷаллаи маъруфи “Садои Шарқ” оғоз намуда, муддати бист сол дар вазифаҳои мудири шуъбаи очерк ва публистистика,  мудири шуъбаи наср, муовини сардабир, иҷрокунундаи вазифаи сардабири ҳамин маҷалла кор кардааст.

Солҳои 1990-1991 мудири Шуъбаи идеологии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, соли 1993 аввалин  роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  буд ва  ҳарчанд дар ин вазифа зиёд кор накардааст, вале нақшашро дар таъсиси ниҳоди мазкур дар Дастгоҳи иҷроия Сарвари давлат муҳим  арзёбӣ мекунанд.

Солҳои 1994-1997 ба ҳайси сардабири маҷаллаи адабии русии “Памир”  ва баъдан чанд соли дигар дар вазифаи сардабири нашрияи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон “Баҳори Аҷам” кор кардааст.

Саттор Турсун адибест, ки   набзи замонро накӯ эҳсос мекунад, ба воқеаву рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ воқеъбинона ва устокорона баҳо медиҳад.  Аввалин ҳикояҳои худро  замони донишҷӯияш  навиштааст, вале  худаш солҳои кор дар “Садои Шарқ”-ро оғози фаъолияти густардаи эҷодии худ медонад.  Ва аввалин китобаш ҳам бо номи “Дили гарм” дар дуввумин соли кораш дар “Садои Шарқ” (соли 1971) рӯйи чопро дидааст. Дар як муддати кутоҳ аз ҳикоя ба повесту роман гузашт ва ин навиштаҳо яке паси дигар  ба нашр расиданд. Саттор Турсун миёни хонандагонаш бо  китобу асарҳояш  «Сукути қуллаҳо»,  “Камони Рустам”(1976),, “Пайванд”, “Ситораи корвонкуш”, “Обдорӣ”, “Зиндагӣ дар домани талҳои сурх”, “Барф ҳам мегузарад”(1983),, “Падар”, “Се рӯзи як баҳор”(1988), «Санг дар бағал ба тӯфон” (2002),  “Чорбанди домангир” (2011) “Думбура”, “Пайғамбарзот”  ва ғайра маъруф аст.

Повесту роман ва ҳикояҳои  нависанда ба беш аз 20 забони халқҳои дунё тарҷумаву нашр шудаанд. Худи ӯ низ дар тарҷумаи асарҳои адибони шинохтае чун Лев Толстой, Ҷек Лондон, Андрей Упит, Грант Матевосян  ҳисса гузоштааст.

Дар маҳфили эҷодии нависанда муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор, академик Кароматулло Олимов ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.

                                                                                               АКС аз бойгонӣ

Март 12, 2021 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид
«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва ноҳияи Файзобод баргузор мегарданд
Дар Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб баргузор шуд
Имрӯз рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа баргузор мегарданд
БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд
Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова аз олам даргузашт
«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид