ҶДММ «Фортуна-Ко» дар 5 гектар боғи нави интенсивӣ бунёд менамоянд
ДУШАНБЕ, 10.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини хоҷагии ёрирасони ҶДММ «Фортуна-Ко», ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир аст, тасмим гирифтаанд, ки дар 5 гектар боғи нави интенсивӣ бунёд намоянд. Барои ташкили боғи интенсивӣ аз Туркия ниҳолҳои серҳосилу қадпасти нок, чормағз, зардолу, себу гелос оварда шудаанд. Боғ бо усули қатрагӣ обёрӣ гардида, барои таъминоти об чоҳҳои амудӣ мавриди истифода қарор доранд. Дар 10 гектар замини боқимонда ғалладона, сабзавот ва маҳсулоти полезӣ кишту парвариш карда мешавад.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, маҳсулоти истеҳсолгардида барои ташкили хӯроки коргарони ширкат истифода мешавад.
Зимни боздиди раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз хоҷагии мазкур иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии ёрирасони ҶДММ «Фортуна-Ко» бо мақсади саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии кормандони ширкат ба маҳсулоти тару тоза соли 2016 таъсис ёфта, масоҳати умумии он 30 гектарро ташкил медиҳад. Бо ташаббуси кормандону роҳбарияти ҶДММ «Фортуна-Ко» дар 20 гектар замини хоҷагии ёрирасон боғи дарахтони мевадиҳандаи зардолу, шафтолу, себ, бодом, олу бунёд ёфта, миқдори умумии дарахтон 6000 бех мебошад. Бо маслиҳати олимону мутахассисон дар хоҷагӣ парвариши ниҳолҳои пайвандӣ низ ба роҳ монда шуда, айни замон 60 ҳазор бех ниҳолҳои пайвандӣ барои ташкили боғоти нав барои истифода омода гардидааст.
Раиси вилоят дар маъракаи ниҳолшинонии хоҷагии ёрирасон ширкат варзида, барои нигоҳубини ниҳолҳо, истифодаи самараноки замин ва васеъ намудани майдони боғоти интенсивӣ ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.








БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд






