Меваи тар ва хушкмеваҳои Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ харидори зиёд пайдо кардаанд
ДУШАНБЕ, 04.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дорои имконияти зиёди истеҳсоли маҳсулоти хушсифати меваи тар ва хушкмеваҳо мебошад, ки тайи солҳои охир дар бозори ҷаҳонӣ харидори зиёде пайдо кардааст. Айни замон меваҳои тару хушки зардолу, лимӯ, хурмо, олу, гелос ва себ ба стандарт ҷавобгӯ гардида, дар сатҳи минтақа ва берун аз он ба содирот равона гашта истодаанд. Инчунин пиёз ва чормағзи заминиву донаки зардолу низ дар доираи стандартҳо ба талабот ҷавобгӯ гардонида шуда истодаанд.
Истеҳсолкунандагонро бояд бо стандартҳо ҳарчи бештар шинос кард, то барои баланд бардоштани сифату бехатарии маҳсулоти худ маълумоти бештар дошта бошанд. Маҳсулоти кишвари мо, ки аз ҷиҳати экологӣ тозаву бехатар аст ва иқлими мусоид барои истеҳсолкунандагон шароити хуби парвариш фароҳам овардааст, дар аксар кишварҳо талаботи худро дорад.
Чунин зикр гардид дар ҷаласаи «Гурӯҳи кории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба стандартҳои тиҷоратии сифат ва бехатарии маҳсулоти кишоварзӣ дар Осиёи Марказӣ, ки имрӯз дар Агентии “Тоҷикстандарт” бо иштироки роҳбарият ва намояндагони Агентӣ, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии содирот, ташкилоти «Маркази идоракунии сифат», Ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, бахши хусусӣ ва мутахассисони соҳа доир гардид.
Муовини директори Агентӣ Ситора Шерзода зарурати ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ кардан ва баланд бардоштани сифату бехатарии маҳсулоти кишоварзии ба содирот нигаронидашударо аз муҳимтарин вазифаҳо маънидод кард.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон дорои имконияти зиёди истеҳсоли маҳсулоти хушсифати меваи тар ва хушкмеваҳо мебошад, ки тайи солҳои охир дар бозори ҷаҳонӣ харидори зиёде пайдо кардаанд. Ҳамзамон дар бозори дохилӣ низ ба сифату бехатарии ҳама гуна маҳсулот аз ҷониби истеҳсолкунандагон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад, ки ин натиҷаи дар амал татбиқ кардани регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои милливу байналмилалӣ аст. Соҳибкорони ватанӣ дар ин самт масъулияти баланд эҳсос карда, талаботи имрӯзи бозори ҷаҳонӣ ва хориҷиро хуб омӯхтаанду мувофиқ ба он маҳулот истеҳсол мекунанд.
Намояндагони гурӯҳи корӣ ба масъалаҳои асосӣ, мақсад ва вазифаҳои дар пешистода, коркарди стандартҳо, иттилоотонӣ ва ташкилу гузаронидани вохӯриҳо дар сатҳи миллӣ бо истеҳсолкунандагон мутаваҷҷеҳ шуда, маслиҳату пешниҳодоти худро ба ҳозирин баён доштанд.
Зикр шуд, ки тавассути баргузории семинару омӯзишҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ алҳол натиҷаҳои хуб ҳам ба даст омада, корхонаҳои зиёди истеҳсолӣ дар доираи стандартҳои байналмилалӣ фаъолияташонро идома дода истодаанд. Истеҳсолкунандагон низ натиҷаи хуб ба даст оварда, на танҳо худ манфиат мебинанд, балки дар рушди иқтисодиёт ва нуфузи Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешрафтаистода саҳми сазовор мегузоранд.
Дар ҷаласа пешниҳод шуд, ки соли 2021 барои дастрасии маълумоти бештар оид ба стандартҳои таҳиягардида, аз ҷумла стандарт барои лимӯ «ЕЭК ООН FFV-14» бо истеҳсолкунандагон семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шаванд. Инчунин пешниҳод гардид, ки ояндаи наздик миёни бахши хусусӣ, хусусан дар минтақаҳои гуногуни мамлакат корҳои иттилоотонӣ ба роҳ монда шаванд.









«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад






